Гаштугузори донишҷуёни соли аввалӣ забонҳои хориҷии Тоҷикистон дар Душанбе
Донишҷуёни соли аввали донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон аз маконҳои фарҳангӣ ва таърихии шаҳри Душанбе боздид карданд.
Ба гузориши сомонаи Ховар, донишҷуёни соли аввали донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо номи Сотм Улуғзода ба манзури ошноӣ бо маконҳои фарҳангӣ ва таърихии шаҳри Душанбе аз боғи фарҳангӣ-тафреҳӣ "дарёчаи ҷавонон", боғи устоди Рудакӣ, аз маҷмуъаи "Кохи Навруз", парки парчами миллӣ ва "китобхонаи миллӣ" дидан карданд .
Донишҷуёни зимни гаштугузор, дар ҷараёни таърихи сохт ва фаъолиятҳои ин маконҳои фарҳангӣ ва торихӣ қарор гирифтанд .
Нилуфари Ҳабибулоева, мударриси ин донишгоҳ баён кард ки чун аксари донишҷуён аз шаҳрҳо ва рустоҳоиҳои кишвар ҳастанд, тасмим гирифтанд то онҳоро бо маконҳои фарҳангӣ ва таърихии Душанбе ошно кунанд .
Донишгоҳи байналмилалии Сотим Улуғзода тасмим дорад ин иқдомотро идома диҳад ва донишҷуёни соли аввали ин донишгоҳро ба таври мустамар бо маконҳои фарҳангӣ ва таърихии пойтахт ошно кунад.