Октябр 08, 2024 16:06 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати 15 фаластинӣ дар бомбаборони маҳалли сукунати оворагони Ғазза

Дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба маҳалли сукунати оворагони фаластинӣ дар борикаи Ғазза дастикам 15 нафар ба шаҳодат расиданд.

Дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба як манзил ва чодарҳои оворагони фаластинӣ дар урдӯгоҳи Албариҷ, маркази борикаи Ғазза, ҳамчунин шумори зиёде захмӣ шуданд, ки бештари захмишудагон зану кӯдак ҳастанд.

Тонкҳои режими саҳюнистӣ низ маҳаллае дар ҷануби шаҳри Ғаззаро зери оташ гирифтанд.

Тӯпхонаи артиши режими саҳюнистӣ низ шарқи Хон Юнус, ҷануби борикаи Ғаззаро гулӯлаборон кард.

Низомиёни ишғолгари режими саҳюнистӣ як масҷид дар шимоли шаҳри Рафаҳро ҳадаф қарор доданд, ки чанд фаластинӣ захмӣ шуданд.

Бино бар эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин, режими саҳюнистӣ дар 24 соати гузашта муртакиби 4 маврид куштор шуд, ки дар натиҷаи он 137 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Дар тӯли як соли гузашта низ режими саҳюнистӣ 41 ҳазору 909 нафарро дар борикаи Ғазза ба шаҳодат расонд, ки 60 дарсади онҳо зану кӯдак ҳастанд.

 

Барчасп