Октябр 05, 2024 13:01 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо муовини нахуствазири федератсияи Русия

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе бо муовини нахуствазири федератсияи Русия дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар , дар ин дидор тарафҳо дар мавриди вазъияти кунунӣ ва чашмандози равобити дуҷониба ва чандҷониба миёни Тоҷикистон ва Русия гуфтугӯ карданд.

  Рустами Эмомалӣ таъкид кард, ки густариши ҳамкориҳои чандҷониба бо федератсияи Русия , нақши муҳимме дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон дорад ва нақши Комиссияи муштараки байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия дар ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ин росто бисёр чашмгир аст.

 Дар ин дидор ду тараф бар лузуми идомаи талошҳои муштарак барои густариш ва фаъолсозии ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона таъкид карданд.

 

Барчасп