Ҷустуҷу
-
Feb 06, 2017
Вазорати хориҷаи Қазоқистон эълом кард, коршиносони Эрон, Русия, Туркия ва СММ дар Остона, нишасти фанниеро барои гуфтугӯи муфассал дар бораи иҷрои тавофуқномаи оташбаси Сурия баргузор карданд.
-
Jan 29, 2017
Яке аз низомёни руси мустақар дар Сурия ба дини Ислом мушараф шуд.
-
Jan 27, 2017
Музокироти сулҳи Сурия дар Женева, ки қарор буд пас аз ҳудуди ҳашт моҳ таваққуф, ҳаштуми феврал оғоз шавад, ба охирҳои феврал гузошта шуд.
-
Jan 26, 2017
Раисҷумҳури Сурия гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон бузургтарин ҳомии миллати Сурия дар буҳрони шашсолаи ин кишвар будааст.
-
Jan 24, 2017
Тарафҳои ширкаткунанда дар нишасти музокироти сулҳи Сурия дар Остонаи Қазоқистон дар баёнияи поёнии худ бар ҳимоят аз тамомияти арзии Сурия ва мубориза бо террористҳо таъкид карданд.
-
Jan 24, 2017
Остона, пойтахти Қазоқистон дар шароите мизбонии нишасти дурӯзаи гуфтугӯҳои сулҳи Сурияро миёни намояндагони давлат ва мухолифони сурӣ ва низ се кишвари Русия, Эрон ва Туркия ба унвони кишварҳои миёнҷии ин гуфтугӯ бар ӯҳда дорад, ки пеш аз низ нишастҳои мухталиферо барои ҳалли ихтилоф миёни бозигарони байналмилалӣ таҷриба карда буд.
-
Jan 23, 2017
Бо поёни даври нахусти музокироти сулҳи Сурия дар Остона, ҳайатҳои ширкаткунанда маҳалли музокираро тарк карданд.
-
Jan 23, 2017
Вазири умури хориҷаи Қазоқистон дар Остона бо намояндаи давлат ва намояндагони мухолифони Сурия, ки барои ширкат дар иҷлоси Остона ба Қазоқистон сафар кардаанд, ҷудогона дидор кард.
-
Jan 23, 2017
Ҳайъатҳои Эрон, Русия ва Туркия дар нишасти сеҷонибаи Остонаи Қазоқистон, дар бораи барномаи музокира бо мухолифони мусаллаҳ ва ғайримусаллаҳи сурӣ тавофуқ карданд.
-
Jan 22, 2017
Нахуствазири Сурия гуфт, давлати Димишқ дар музокирот ҷиддӣ аст ва берун рондани террористҳо, авлавияти давлат ва мардуми Сурия аст.
-
Jan 18, 2017
Муовини вазири умури хориҷаи Сурия дар бораи мушорикати Арабистон ва Қатар дар нишасти Остона гуфт, ҳомиёни терроризм ва касоне, ки ба тақвият ва таҷҳизи террористҳо мепардозанд, ҷое дар нишасти Остона надоранд.
-
Jan 17, 2017
Эрон ва Сурия панҷ санади ҳамкорӣ имзо карданд.
-
Jan 16, 2017
Пешравиҳои артиши Ироқ ва Сурия барои озодсозии манотиқи таҳти ишғоли гурӯҳҳои террористӣ ва такфирӣ мӯҷиби сардаргумии ҳомиёни ғарбӣ ва арабии онон шудааст. Нишасти ба истилоҳ зидди ДИИШ ба саркардагии Амрико ва меҳварияти Риёз навъе тадбирандешӣ барои ҷилавгирӣ аз ин шикастҳо будааст.
-
Jan 14, 2017
Муовинони вазирони умури хориҷии Эрон, Русия ва Туркия дар Маскав охирин таҳаввулоти Сурия ва барномаи музокироти тарафҳои суряӣ дар Остона, пойтахти Қазоқистонро баррасӣ карданд.
-
Jan 11, 2017
Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон эълом кард, ин кишвар омодаи мизбонии музокироти сулҳи Сурия аст.
-
Jan 08, 2017
Раиси ҷумҳурии Сурия ва дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Димишқ дар бораи равобити дуҷонибаву таҳаввулоти муҳими минтақа, ба вижа Сурия ройзанӣ карданд.
-
Jan 08, 2017
Шумори қурбониёни инфиҷори террористӣ дар шаҳри Эъзоз дар устони Ҳалаби Сурия ба 60 нафар расид.
-
Jan 07, 2017
Нахустин бахши кӯмаки башардӯстонаи Қазоқистон ба бандари "Тартус"-и Сурия расид.
-
Jan 05, 2017
Манобеи хабарии вобаста ба нерӯҳои ҳампаймони Сурия эълом карданд, гурӯҳи террористии “Ҷабҳат-ун-нусра” (Фатҳ-уш-шом) бо дастури Туркия барои аз байни бурдани тавофуқи оташбас дар ин кишвар талош мекунад.
-
Jan 05, 2017
Дар соли 2016 4746 нафари мусаллаҳ дар чорчӯби тарҳи оштӣ ба Ҳукумати Сурия таслим шудааст.