Марзи Найнавои Ироқ бо Сурия дар контроли нерӯҳои ироқӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i17952-Марзи_Найнавои_Ироқ_бо_Сурия_дар_контроли_нерӯҳои_ироқӣ
Ситоди таблиғоти ҷанги фармондеҳии ташкилоти басиҷи мардумии Ироқ эълом кард, ки ин нерӯҳо ба марзи Ироқ ва Сурия расиданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 29, 2017 15:11 Asia/Dushanbe

Ситоди таблиғоти ҷанги фармондеҳии ташкилоти басиҷи мардумии Ироқ эълом кард, ки ин нерӯҳо ба марзи Ироқ ва Сурия расиданд.

Ба иттилои Ирно, фармондеҳони нерӯҳои мардумии Ироқ рӯзи якшанбе эълом карда буданд, камтар аз 20 километр бо марзи Ироқу Сурия фосила доранд ва рӯзи душанбе ба марз хоҳанд расид .

Бо расидани нерӯҳои басиҷи мардумӣ ба марзҳои Ироқу Сурия дар ғарби устони Найнаво, амалан масири омаду шуди террористҳо аз Сурия ба Ироқ ва баръакс дар ин устон қатъ шуд .

Марзҳои Ироқ дар бахши шимоли ғарбии устони Аланбор ҳамчунон ба сӯи Сурия боз аст ва диишиҳо аз ин минтақа ба дохили Ироқ ворид мешаванд .

Ҳамчунин дар паи пирӯзиҳои нерӯҳои мардумӣ ва артиши Ироқ дар устони Найнаво, Таҳсин Саидбек, раҳбари эзадиён дар баёнияе озодсозии манотиқи эзадинишин дар ғарби ин устонро сутуд ва аз ҷавонони эзадӣ хост, ба нерӯҳои мардумии Ироқ бипайванданд .

Саидбек ҳамчунин бо тамҷид аз фатвои Оятуллоҳ Систонӣ, марҷаи олиқадри шиаёни Ироқ гуфт: Дар наслкушии эзадиҳо ба дасти ДИИШ, мавзеи бародаронаи шиаён ва фатвои торихии Оятуллоҳ Систонӣ, ки куштани эзадиҳоро ҳаром эълом кард, ҳаргиз аз ёди мо нахоҳад рафт .