Май 04, 2017 18:30 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи Эрон, Русия ва Туркия дар бораи Сурия

Намояндагони Эрон, Туркия ва Русия ва намояндаи Созмони Милал, тафоҳумномаеро бо ҳадафи ҳалли сиёсии буҳрони Сурия дар пойтахти Қазоқистон, имзо карданд.

Ба гузориши ал Олам, ин тафоҳумнома асри имрӯз панҷшанбе тавассути Ҳусайн Ҷобири Ансорӣ- намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, Стефан де Мистуро -намояндаи Созмони милал ва намояндагони Русия ва Туркия, дар Остона ба имзо расид.

Хабарнигори эъзомии ал Олам субҳи панҷшанбе, аз тавофуқи ҳамаи тарафҳои ширкаткунанда дар нишасти Остона, дар хусӯси тарҳи пешниҳодии Русия дар бораи таваққуфи даргирӣ, дар манотиқи чаҳоргона хабар дода буд.

Русия тарҳеро барои таваққуфи даргириҳо дар Сурия бо таваҷҷӯҳ ба пешниҳоди давлати Сурия омода кардааст, ки бар асоси он, 4 минтақа дар Сурия, орӣ аз силоҳ хоҳад шуд ва дар он манотиқ шароити муносибе барои фаъолияти созмонҳои башардӯстона, таҳти назорат ва ҳимояти низомиёни хориҷӣ фароҳам мешавад.

Ҳусайн Муртазо субҳи имрӯз ба нақл аз вазорати хориҷаи Қазоқистон аз баргузории як ҷаласаи умумӣ дар бораи Сурия, дар соати 16 имрӯз ба вақти маҳаллӣ хабар дода буд.