Ҷустуҷу
-
Aug 04, 2016
Нашрияи русии "Коммерсант" таъкид кардааст, ки Амрико ба баҳонаи баргузор кардани дидори Ҷон Керри бо панҷ ҳамтои худ аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон, ки ба унвони музокироти C5+1 дар Вашингтон доир шуд, қасд дорад, аз Афғонистон ба унвони дарвозаи вуруд ба Осиёи Марказӣ истифода кунад.
-
Aug 02, 2016
Ҷон Керри, вазири умури хориҷаи Амрико фардо дар дидор бо панҷ ҳамтои худ аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон, ки бо унвони музокироти C5+1 дар Вашингтон баргузор мешавад, дар хусуси масоили мухталифи амнияти минтақаӣ ва иқтисодӣ баҳсу табодули назар хоҳад кард.
-
Aug 02, 2016
Бузургтарин масҷиди ҷомеи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе, ки сохти он бо сармоягузории муштараки Тоҷикистон ва Қатар аз соли 2011 оғоз шудааст, ба зудӣ дар яке аз зеботарин маконҳои пойтахти Тоҷикистон дар соҳили рӯди Варзоб ба баҳрабардорӣ мерасад.
-
Aug 01, 2016
Иқтисоддони қирғиз бо интишори матлабе гуфтааст, ки миёни кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ва 3 ҷумҳурии масрафкунандаи умдаи оби ду рудхонаи бузурги Аму ва Сир яъне Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон тафоҳум ва ҳамкорӣ дар мавриди наҳваи баҳрагирӣ аз манобеи оби минтақа вуҷуд надорад.
-
Aug 01, 2016
Чаҳор шаҳрванди Осиёи Марказӣ, ки миллияти онҳо ҳануз эълом нашудааст, дар Русия ба ҷурми ҳамкорӣ бо ДИИШ дар ҷазб ва эъзоми нерӯ ба 28 то 30 сол зиндон маҳкум шудаанд.
-
Jul 28, 2016
Рӯйкарди русҳо дар муқобили Амрико, Ғарб ва навъи ҳамкориҳои Маскав бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки Русия талош мекунад, то мавқеи таърихӣ ва қудратманди худро дар минтақа ва ҷаҳон бозёбад.
-
Jul 28, 2016
Михаил Делягин, коршиноси рус гуфтааст, бештари коргарони муҳоҷири кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия ба далели худкомагии ҳукуматҳо ва набудани адолати иҷтимоӣ дигар умеде ба оянда надоранд, аз ин рӯ, бо вуҷуди мушоҳидаи тамоми ҷиноёти гурӯҳҳои такфирӣ онҳоро бар ҳукуматҳои худ тарҷеҳ медиҳанд.
-
Jul 18, 2016
Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфт: Ҳадафи аслии НАТО, ноором кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо сармоягузории Арабистон аст.
-
Jul 16, 2016
Сергей Шойгу-вазири дифои Русия мегуяд, эҳтимоли такрори сенарияи Сурия дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз вуҷӯд дорад ва Маскав бояд барои бурӯзи чунин шароите омодагӣ дошта бошад.
-
Май 02, 2020
Эътилофи саудӣ ба як маркази гумрукии ҳовии дору ва ғизо дар маркази Яман ҳамла кард.
-
Apr 25, 2026
Порс Тудей- Вазири умури хориҷаи Эрон ва нахуствазири Покистон дар бораи мавзуоти мухталиф баҳс ва табодули назар карданд.
-
Feb 23, 2026
“Порс-Тудей”. Тарҳи эҷоди минтақаи озоди байналмилалии тиҷорӣ ва санъатии муштараки Эрон, Афғонистон ва Чин дар Хуросони Ҷанубӣ, фурсате роҳбурдӣ барои тавсеаи содирот, иштиғоли марзнишинон ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии минтақаӣ фароҳам кардааст.
-
Feb 01, 2026
Порс Тудей - Баёноти раҳбари инқилоби исломӣ дар дидори ақшори мухталифи мардум ба муносибати 12 баҳманмоҳ, солрӯзи бозгашти торихии ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон ба меҳану оғози ҷашнҳои чиҳилу ҳафтумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ, бозтоби густардае дар расонаҳои арабӣ дошт.
-
Feb 01, 2026
Порс Тудей - Раҳбари инқилоби исломӣ дар дидори ҳазорон нафар аз қишрҳои мухталифи мардуми Эрон гуфтанд: Мардуми Эрон оташи фитнаи амрикоӣ - саҳюнии ахирро монанди ҳамаи тавтеъаҳои қаблӣ ба хокистар нишонданд ва дар оянда ҳам дар муқобила бо ҳар ҳодисае, корро тамом хоҳанд кард.
-
Jan 27, 2026
Порс Тудей- мақомоти низомӣ ва дипломотики Эрон бо ҳушдор нисбат ба таҳдидоти Амрико бар омодагии комили боздоранда ва расади дақиқи таҳарукоти душман таъкид карданд.
-
Dec 22, 2025
Порс-Тудей. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме ба иҷлоси сарони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё идомаи ҳамкориҳо миёни Эрон ва кишварҳои узви ин иттиҳодро роҳбурди дарозмуддат барои эҷоди минтақаи қудратманд арзёбӣ кард.
-
Nov 22, 2025
Вазири мероси фарҳангӣ , гардишгарӣ ва саноеъи дастии Эрон дипломосии гардишгарӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва созмонҳои ҷаҳониро яке аз авлавиятҳои аслии давлат донист.
-
Nov 19, 2025
Порс Тудей - Дар ҳоле, ки оташбаси шикананда дар ҷануби Лубнон идома дорад, Исроил ҳамзамон дар чанд ҷабҳа аз Лубнону Сурия гирифта то Ғазза ва арсаҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, даст ба иқдомоте зада, ки нишондиҳандаи ташдиди рӯйкарди таҳоҷумӣ ва талош барои тасбити воқеиятҳои ҷадид дар минтақааст.
-
Nov 18, 2025
Порс тудей- вазири умури хориҷаи Эрон густариши равобити чандҷониба бо кишварҳои соҳилии Хазар ва истифода аз зарфиятҳои иқтисодӣ, энергетика ва гардишгарии минтақаро ҷузи авлавиятҳои аслии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом кард.
-
Nov 13, 2025
Порс Тудей - Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки умедвор аст, ки Иёлоти Муттаҳида барои ташдиди низоъ дар Украина ягон чорае нахоҳад андешид.