Июл 18, 2016 14:36 Asia/Dushanbe
  • Шабдолов: Ҳадафи НАТО ва Риёз ноамн кардани Осиёи Марказӣ аст

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфт: Ҳадафи аслии НАТО, ноором кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо сармоягузории Арабистон аст.

Ба иттилои хабаргузории Форс, Шодӣ Шабдолов афзуд: Амрико ва НАТО дар Ироқ ба баҳонаи раҳбарии диктатори он ва дар Сурия ба баҳонаи мубориза бо террорист ва ДИИШ ҳузур пайдо карда ва ин кишварҳоро бомбборон ва вориди даргирии низомӣ карданд.

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон тасреҳ кард: Нато ва Амрико дар назар доранд, то дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бо тупу танк ва мушак демократия эҷод кунанд.

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо таъкид бар инки барои миллати Афғонистон, демократияи Буш ва Клинтон лозим нест, ҳадафи Амрико ва НАТО дар минтақаро ба чолиш кашидани амният дар Тибет, Кашмир, Ҳинд ва Чин унвон кард.

Шабдолов афзуд: Ҳадафи ниҳоии НАТО ба чолиш кашидани амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки бо сармоягузории Арабистони Саудӣ дар ҳоли шаклгирӣ аст.

Ин фаъоли сиёсии тоҷик бо ишора ба инки Арабистони Саудӣ дар пушти созмонҳои ‌ террористии минтақа қарор дорад, тасреҳ кард: Агарчи мо мухолифи сармоягузории ин кишвар дар дигар бахшҳо нестем, аммо Риёз бо худхоҳӣ дар назар дорад, дар ҳамаи умури кишварҳои минтақа дахолат кунад.

Шабдолов таъкид кард: Шуюхи араб бо вуҷуди инки иддаои мусалмонӣ доранд, аммо ҳамвора бар алайҳи мусалмонони ҷаҳон иқдомоти ғайриахлоқӣ ва ғайриинсонӣ мекунанд, ки ҳатто ғайрмусалмонон низ аз он шарм доранд.

Барчасп