Ҷустуҷу
-
Jun 20, 2025
Порс-Тудей. Ширкати данияи Маерск - яке аз бузургтарин хутути киштиронии ҷаҳон эълом кард, ки ба далели афзоиши танишҳои минтақаӣ тараддуди киштиҳои худ ба бандари Ҳайфо дар сарзаминҳои ишғолиро ба таври муваққат мутаваққиф кардааст.
-
Jun 15, 2025
Порс Тудей - Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти вақеҳонаи мақомоти олмонӣ зидди Эрон гуфт: Олмон ду ҷанги ҷаҳониро шуълавар кард, аммо эрониён бо ҳиси инсондӯстӣ ба яҳудиёне, ки аз ҳамалоти Ҳитлер фирор мекарданд, паноҳ доданд.
-
Jun 13, 2025
Порстудей - Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрони ҷумъа дар паёме ба муносибати шаҳодати ҷамъе аз фармондеҳони низомӣ , риҷоли илмии кишвар ва занону кӯдакони бегуноҳ дар ҷараёни ҳамлаи таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ, гуфт : Бо миллати бузурги Эрон ва шаҳидони олимақом паймон мебандем, ки ҳамаи тавону зарфияти худро ҷиҳати пуштибонӣ аз тадбирҳои олияи низом ва иқдомоти муқтадиронаи Неруҳои мусаллаҳ ҷиҳати дифои муқтадирона аз Меҳани азизи исломӣ ба кор гирем .
-
Jun 13, 2025
Порс-Тудей. Расонаҳои режими саҳюнистӣ аз ваҳшати саҳюнистҳо аз ҳамалоти интиқомҷӯёнаи сахти Эрон хабар доданд.
-
Jun 12, 2025
Порс Тудей - Натоиҷи як назарсанҷӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ нишон дод, ки беш аз ниме аз саҳюнистҳо ҳомии куштор дар Ғазза ҳастанд.
-
Jun 11, 2025
Порстудей - Корвони заминии « Пойдорӣ », ки бо ҳадафи шикастани муҳосираи борикаи Ғазза ҳаракати худро аз Тунис оғоз карда буд , акнун дар ҳоли гузар аз шаҳрҳои Либия аст.
-
Jun 11, 2025
Порстудей - Шуморе аз мардуми Швейтсария бо баргузории гирдиҳамоӣ дар ҳимоят аз мардуми мазлӯми Фаластин яксадо фарёд заданд : Ҳамаи мо кӯдакони Ғазза ҳастем.
-
Jun 10, 2025
Порс-Тудей. Нахуствазири Канада гуфт, кишвараш бо таҳаққуқи аҳдофи НАТО барои афзоиши сармоягузории дифоӣ, вобастагӣ ба Вашингтонро мутаваққиф мекунад ва султаи Амрико акнун дар ҷаҳон дигар вуҷуд надорад.
-
Jun 10, 2025
Порс-Тудей. Манобеи бемористонии фаластинӣ гузориш доданд, ки артиши режими саҳюнистӣ аз бомдоди рӯзи сешанбе то кунун бо бомбаборону гулӯлаборони манотиқи мухталифи Ғазза, дастикам 36 нафарро ба шаҳодат расонд ва беш аз 124 нафари дигарро захмӣ кард.
-
Jun 10, 2025
Порс-Тудей. Раиси ҷумҳурии Амрико ҳамзамон бо ташдиди эътирозот алайҳи иқдомоти саркӯбгаронаи вай дар робита бо муҳоҷирон, фармондори Калифорнияро ба боздошт таҳдид кард.
-
Jun 08, 2025
Порс тудей - Корвони варзишии коргарони Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонии Юнон муваффақ ба касби 88 медали рангоранг шуданд.
-
Jun 08, 2025
Порс Тудей - Ожонси имдоду корёбии Созмони милал барои оворагони фаластинӣ (UNRWA) бо интишори ривояти яке аз наҷотёфтагон аз тирандозии низомиёни саҳюнист ба маркази тавзеъи кумакҳо дар ҷануби Борикаи Ғазза эълом кард: Аҳолии гуруснаи Ғазза маҷбур ҳастанд, ки зери оташи шадиду гулӯлаборони низомиёни исроилӣ дар ҷустуҷӯи таъмини ғизо барои худ бошанд.
-
Jun 06, 2025
Порс-Тудей. Амрико 4 қозии Девони Байналмилалии Ҷиноиро дар идомаи ҳимоят аз режими саҳюнистӣ таҳрим кард.
-
Jun 06, 2025
Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз Азия-Плюс, имрӯз, 6-уми июн, дар саросари ҷаҳон иди Қурбон – иди бузурги мусулмонон таҷлил мешавад.
-
Jun 06, 2025
Порс-Тудей. Раҳбари инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати мавсими ҳаҷҷи имсол, ҳаҷҷи ҳамроҳ бо маърифату дарсҳои онро илоҷи дардҳои имрӯзи дунёи Ислом баршумурданд ва бо ишора ба ҷиноёту шақоватҳои режими саҳюнӣ дар Ғазза, муҳимтарин вазифаи давлатҳои исломиро монеъ шудан аз идомаи фоҷеаи башарӣ дар Ғазза ва фишор ба Амрико ба унвони ҳомии аслии режими саҳюнӣ барои таваққуфи кумакҳо ва ҳимоятҳо донистанд ва аз миллатҳо хостанд, мутолибагари амали давлатҳо ба ин вазифа бошанд.
-
Jun 05, 2025
Порс Тудей - Шӯрои мудирияти донишгоҳи муътабари Тринитии Ирландия бо қатъи равобит бо донишгоҳҳо ва ширкатҳои исроилӣ дар эътироз ба тадовуми нақзи қавонини байналмилалӣ ва инсонӣ тавассути режими саҳюнистӣ дар ҷараёни ҷанги Ғазза мувофиқат кард.
-
Jun 03, 2025
Порс-Тудей. Вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ эълом кард, ки бо вуруди ҳаштсадумин ҳавопаймои ҳомили силоҳҳои амрикоӣ, аз ҳафтуми октябри соли 2013 то кунун дар маҷмуъ беш аз 90 ҳазор тон силоҳ аз Амрико вориди сарзаминҳои ишғолии Фаластин шудааст.
-
Jun 03, 2025
Порс-Тудей. Раҳбари ҳизби муҳофизакори Британия эътироф кард, ки режими саҳюнистӣ дар Ғазза ба намояндагӣ аз Британия дар ҳоли ҷанги ниёбатӣ алайҳи сокинони ин борика аст.
-
Jun 03, 2025
Порс-Тудей. Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, сатҳи таомулу ҳамкории сиёсӣ ва аз он муҳимтар мизони эътимоду итминон дар равобити Эрону Миср бесобиқа аст.
-
Jun 02, 2025
Порстудей - Тасвирҳои видеоии мунташиршуда дар фазои расонаӣ лаҳзаеро мустанад кардаанд, ки неруҳои ишғолгар ба рӯйи ҳазорон фаластинӣ дар наздикии Маркази имдодрасонӣ дар ғарби Рафаҳ тирандозӣ ва даҳҳо нафарро шаҳид ва захмӣ карданд.