Ҷустуҷу
-
Aug 10, 2016
Як коршиноси рус муътақид аст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ояндаи наздик дархости худро барои шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё пешниҳод хоҳад кард.
-
Aug 09, 2016
Додгоҳи шаҳри Душанбе 18 сокини шаҳри Роғунро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои ифротӣ ва талош барои барандозии низоми сиёсии Тоҷикистон аз 3,5 то 10 соли зиндон маҳкум кард.
-
Aug 09, 2016
Истихроҷи ангиштсанг дар Тоҷикистон дар ҳафт моҳи моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 210 ҳазор тон афзоиш ёфтааст.
-
Aug 08, 2016
Раисиҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ки бо ҳадафи ширкат дар ҳамоиши байналмилалии масоили об ба Душанбе сафар кардааст, дидор кард.
-
Aug 08, 2016
Муовини дабири кулил Созмони милали муттаҳид ба манзури ширкат дар Ҳамоиши байналмилалии "Дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт" вориди Душанбе шуд.
-
Aug 08, 2016
Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар паи марги мармузи полковник Кенҷабой Ҷураев, сардори раёсати кадрҳои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ ташкил додаанд.
-
Aug 06, 2016
Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе Вазорати дифои Тоҷикистонро ба пардохти панҷ ҳазор сомонӣ барои ҷуброни хисороти Фирдавс Раҳматов, сарбоз кушташудаи артиши ин кишвар муваззаф кард.
-
Aug 06, 2016
Тавофуқи мақомоти додгоҳии Анкара ва Душанбе барои истирдоди яке аз аъзои "Гурӯҳи 24", як гурӯҳи мамнӯъшуда дар Тоҷикистон ба ин кишвар бо мухолифати созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар рӯ ба рӯ шудааст.
-
Aug 04, 2016
Юсуф Раҳмон додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 4-уми август дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки то кунун аз миёни наздики 200 нафар ҷонибдори боздоштшудаи Назарзода, 170 нафар ба муддатҳои мухталиф маҳкум ба зиндон шуданд.