Ҷустуҷу
-
Aug 07, 2016
Ҷон Керри, вазири хориҷаи Амрико рӯзи чаҳоршанбе бо вузарои хориҷаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, шомили Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон дар Вашингтон Ди Си дидор кард.
-
Aug 04, 2016
Вазири хориҷаи Амрико дар нишасти муштараки худ бо вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Вашингтон, аз кӯмаки 15 миллион долларии ин кишвар барои иҷрои 5 тарҳ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ хабар дод.
-
Aug 04, 2016
Нашрияи русии "Коммерсант" таъкид кардааст, ки Амрико ба баҳонаи баргузор кардани дидори Ҷон Керри бо панҷ ҳамтои худ аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон, ки ба унвони музокироти C5+1 дар Вашингтон доир шуд, қасд дорад, аз Афғонистон ба унвони дарвозаи вуруд ба Осиёи Марказӣ истифода кунад.
-
Aug 03, 2016
Коршиноси масоили динии Қирғизистон бо ишора ба шикастҳои ахири ДИИШ дар Сурия, ҳадафи баъдии ин гурӯҳро кишварҳои Осиёи Миёна унвон кард.
-
Aug 02, 2016
Ҷон Керри, вазири умури хориҷаи Амрико фардо дар дидор бо панҷ ҳамтои худ аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон, ки бо унвони музокироти C5+1 дар Вашингтон баргузор мешавад, дар хусуси масоили мухталифи амнияти минтақаӣ ва иқтисодӣ баҳсу табодули назар хоҳад кард.
-
Aug 02, 2016
Бузургтарин масҷиди ҷомеи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе, ки сохти он бо сармоягузории муштараки Тоҷикистон ва Қатар аз соли 2011 оғоз шудааст, ба зудӣ дар яке аз зеботарин маконҳои пойтахти Тоҷикистон дар соҳили рӯди Варзоб ба баҳрабардорӣ мерасад.
-
Aug 01, 2016
Иқтисоддони қирғиз бо интишори матлабе гуфтааст, ки миёни кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ва 3 ҷумҳурии масрафкунандаи умдаи оби ду рудхонаи бузурги Аму ва Сир яъне Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон тафоҳум ва ҳамкорӣ дар мавриди наҳваи баҳрагирӣ аз манобеи оби минтақа вуҷуд надорад.
-
Aug 01, 2016
Чаҳор шаҳрванди Осиёи Марказӣ, ки миллияти онҳо ҳануз эълом нашудааст, дар Русия ба ҷурми ҳамкорӣ бо ДИИШ дар ҷазб ва эъзоми нерӯ ба 28 то 30 сол зиндон маҳкум шудаанд.
-
Jul 28, 2016
Рӯйкарди русҳо дар муқобили Амрико, Ғарб ва навъи ҳамкориҳои Маскав бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки Русия талош мекунад, то мавқеи таърихӣ ва қудратманди худро дар минтақа ва ҷаҳон бозёбад.
-
Jul 28, 2016
Михаил Делягин, коршиноси рус гуфтааст, бештари коргарони муҳоҷири кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия ба далели худкомагии ҳукуматҳо ва набудани адолати иҷтимоӣ дигар умеде ба оянда надоранд, аз ин рӯ, бо вуҷуди мушоҳидаи тамоми ҷиноёти гурӯҳҳои такфирӣ онҳоро бар ҳукуматҳои худ тарҷеҳ медиҳанд.
-
Jul 18, 2016
Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфт: Ҳадафи аслии НАТО, ноором кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо сармоягузории Арабистон аст.
-
Jul 16, 2016
Сергей Шойгу-вазири дифои Русия мегуяд, эҳтимоли такрори сенарияи Сурия дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз вуҷӯд дорад ва Маскав бояд барои бурӯзи чунин шароите омодагӣ дошта бошад.