-
Боздошти муваққати Иззат Амон ду моҳи дигар тамдид шуд
Май 26, 2021 10:48Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри душанбе ҳукми боздошти муваққати мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик Иззат Амонро ду моҳи дигар тамдид кард.
-
Иззат Амон 4 иттиҳомро пазируфтааст
Апрел 24, 2021 18:29Вакили мудофеъи Иззат Амон, мудофеъи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик, ки дар пайи ихроҷ аз Русия дар Душанбе боздошт ва ба боздоштгоҳи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мунтақил шудааст, аз пазириши 4 мавриди иттиҳом аз сӯи вакили мудофеаш хабар дод.
-
Саид Нуриддин Раззоқов озод шуд, аммо наметавонад ба Русия баргардад
Апрел 07, 2021 09:52Рӯҳонии тоҷик ва имомхатиби собиқе масҷиде дар минтақаи Урали Русия, ки рӯзи 24 март боздошт ва зимни лағви тобеияти русиаш ихроҷ шуд, акнун гарчи озод шудааст, аммо наметавонад ба Русия баргардад.
-
Полиси Маскав тарафдорони Иззат Амонро пароканда кард
Апрел 03, 2021 09:28Полиси Маскав тазоҳуроти 150 нафар аз тарафдорони мудофеъи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик Иззат Амонро пароканда кардааст.
-
Боздошти Иззат Амон дар фурудгоҳи Душанбе
Март 28, 2021 09:33Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти мудофеъи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик Иззат Амон дар фурудгоҳи Душанбе пас аз ихроҷи вай аз Русия хабар дод.
-
Иззат Амон аз Русия ихроҷ шуд
Март 26, 2021 21:02Додгоҳе дар Маскав Иззат Амон, мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русияро ба пардохт ҷаримаи молӣ маҳкум ва ҳукми истирдоди ӯро аз ин кишвар содир кард.