Полиси Маскав тарафдорони Иззат Амонро пароканда кард
Полиси Маскав тазоҳуроти 150 нафар аз тарафдорони мудофеъи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик Иззат Амонро пароканда кардааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, сафорати Тоҷикистон дар Русия дар баёнияе эълом кард, ки рӯзи ҷумъа 150 нафар аз тарафдорони мудофеъи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик Иззат Амон, ки бо ҳукми додгоҳе дар Маскав аз Русия ихроҷ ва дар Тоҷикистон боздошт шуд, бо таҷаммӯъ муқобили сохтмони ин сафорат озодии фаврии вайро хостор шуданд .
Ин афрод муддаӣ шудаанд, ки лағви тобеияти русӣ ва ихроҷи Иззати Амон аз Русия ғайриқонунӣ будааст
Гуфта мешавад аз он ҷо ки ин тазоҳурот муҷаввиз надоштааст, полиси Маскав онро бар ҳам зада ва шуморе аз мӯътаризонро низ боздошт кардааст.
Чанде пеш додгоҳи шаҳри Маскав бо судури ҳукмии гузарномаи русии Иззат Амонро лағв ва ӯро бар асоси банди 18 қонуни ҷиноии Русияи марбут ба нақзи қавонини кору зиндагӣ дар ин кишвар ба пардохти ҷарима ва истирдод ба Тоҷикистон маҳкум кард.
Ин дар ҳолест, ки Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки алайҳи ин шаҳрванди тоҷик ба иттиҳоми қаллобии молӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил шуда ва ӯ ба маҳзи вуруд ба Душанбе боздошт шудааст .
Бино бар эъломи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон Иззат Амон барои озод кардани бародари яке аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия аз ӯ 40 ҳазор рубл гирифтааст, вале дар ин замина коре анҷом надодааст .
Иззат Амон донишомӯхтаи донишгоҳ ва Академияи улуми сиёсии Вазорати умури хориҷаи Русия аст, ки дар соли 1996 табаъаи ин кишвар шуд ва аз соли 2000 сокини Маскав буд .
Бештар бихонед