Иззат Амон дархости таҷдиди назар дар ҳукми маҳкумияти худро ироа кард
(last modified Sat, 08 Jan 2022 10:28:04 GMT )
Январ 08, 2022 15:28 Asia/Dushanbe
  • Иззат Амон дархости таҷдиди назар дар ҳукми маҳкумияти худро ироа кард
    Иззат Амон дархости таҷдиди назар дар ҳукми маҳкумияти худро ироа кард

Мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия, ки дар Тоҷикистон ба 9 сол зиндон маҳкум шудааст, дархости таҷдиди назар дар ҳукми маҳкумияти худро ироа кард.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, Муҳаммадюсуф Холов, фарзанди вай гуфтааст, ки падараш ин дархостро аз тириқи вакили мудофеи хеш ба идораи назорат бар фаъолияти созмони зиндонҳои Тоҷикистон вобаста ба додситонии кулли ин кишвар ирсол кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки қаблан Додгоҳи олии Тоҷикистон таҷдиди назар дар ҳукми 9 сол зиндони Иззат Амонро ба иттиҳоми қаллобии молӣ дар Русия аз коргарони муҳоҷири тоҷик барои кумак ба озодии бастагони онон аз зиндонҳои ин кишвар рад карда буд.

Дар моҳи марти соли 2021 додгоҳи шаҳри Маскав бо судури ҳукме, гузарномаи русии Иззат Амонро лағв ва ӯро бар асоси банди 18-и қонӯни кайфарии Русия марбӯт ба нақзи қавонини кору зиндагӣ дар ин кишвар ба пардохти ҷаримаи молӣ ва истирдод ба Тоҷикистон маҳкӯм кард.

Вай аз соли 1996 бо дарёфти шаҳрвандии Русия, дар ин кишвар кору зиндагӣ мекард.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон низ алайҳи ин шаҳрванди тоҷик ба иттиҳоми қаллобии молӣ парвандаи қазоӣ ташкил дод ва ӯ ба маҳзи вуруд ба Душанбе боздошт шуд.

Бештар бихонед: