Боздошти муваққати Иззат Амон ду моҳи дигар тамдид шуд
(last modified Wed, 26 May 2021 05:48:04 GMT )
Май 26, 2021 10:48 Asia/Dushanbe
  • Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, алайҳи Иззат Амон бо иттиҳоми қаллобӣ парванда боз шудааст
    Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, алайҳи Иззат Амон бо иттиҳоми қаллобӣ парванда боз шудааст

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри душанбе ҳукми боздошти муваққати мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик Иззат Амонро ду моҳи дигар тамдид кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Порсо Тиҷӣ, тамдиди ҷадиди муддати боздошти Иззат  Амон, ки аз Русия истирдод шуда ва дар Душанбе  таҳти бозҷӯӣ мебошад ба дархости гурӯҳи тафтишотӣ иҷро шудааст, ки муддаист барои баррасии иттиҳомоти вай ба замони бештаре ниёз аст. 

Ба гуфта бозҷӯиҳо акнун 11 нафар аз Иззат  Амон шикоят доранд, ки вай дар Русия барои мусоидат дар озодии бастагонашон аз онон  маблағҳое дарёфт карда, вале амалан коре анҷом надодааст.

Дар моҳи апрели имсол  додгоҳи шаҳри Маскав бо судури ҳукме, гузарномаи русии Иззат  Амонро лағв ва ӯро бар асоси банди 18 қонуни ҷиноии Русия марбут ба поймол кардани қавонини кору зиндагӣ дар ин кишвар ба пардохти ҷарима ва истирдод ба Тоҷикистон маҳкум кард. 

Вай ба маҳзи вуруд ба Душанбе боздошт шуд ва Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки алайҳи ин табаъаи тоҷик ба иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Аммо наздикони Иззат Амон мӯътақиданд, ки далели аслии боздошти ва ихроҷи вай аз Русия интиқоди ӯ аз камтаваҷҷӯҳии ҳукумат ба мавзӯи мушкилоти коргарони муҳоҷири тоҷик мебошад.

 

Бештар бихонед: