Дидори вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Беларус дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i116058
Дидори вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Беларус дар Душанбе баргузор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 17, 2024 13:46 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Беларус дар Душанбе

Дидори вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Беларус дар Душанбе баргузор шуд.

Дидори ҳайатҳои вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати умури дохилии Ҷумҳурии Беларус дар Душанбе ба раёсати Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иван Кубраков, вазири умури дохилии Ҷумҳурии Беларус баргузор шуд.

Дар ин дидор, мавзуоти тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бо ҷароими созмон ёфта, аз ҷумла терроризм ва ​ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷароими сайберӣ ва роҳҳои муассири мубориза бо ҷароим мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.