-
Муҳаммад бин Салмон: аз Эрон, Қатар ва мардуми Арабистон метарсам
Октябр 23, 2020 15:07Муҳаммад бин Салмон гуфтааст, барои барқарории робита бо режими саҳюнистӣ аз Эрон, Қатар ва мардуми Арабистон метарсад.
-
"Саъд Ал-Ҳарирӣ"; Маъмури ташкили кобинаи нави Лубнон
Октябр 22, 2020 15:14Раиси ҷараёни "Ал-Мустақбал"-и Лубнон Саъд Ал-Ҳарирӣ дар раъйзаниҳои порлумонӣ раъйҳои лозимро ба даст овард ва аз тарафи раиси ҷумҳурии ин кишвар маъмур ба ташкили кобинаи нави Лубнон шуд.
-
Амрико чаро аз поёни таҳрими таслиҳотии Эрон нигарон аст?
Октябр 20, 2020 11:23Бархе таҳлилгарони араб бо интишори рӯйкардҳои худ аз натоиҷи рафъи таҳримҳои таслиҳотии Эрон навиштанд: ҳамроҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар поён додан ба таҳримҳои таслиҳотӣ ва тамоили кишварҳо барои ҳамкорӣ, сабаби тақвияти ҷойгоҳи байналмилалии кишвар ва латма хӯрдан ба эътибори сиёсӣ ва ҳуқуқии Амрико мешавад ва умедҳоро барои таомул ва ҳамкории бештар миёни Эрон ва кишварҳои аврупоӣ дар чорчӯби тавофуқи ҳастаӣ бештар месозад.
-
Абдуллоҳ Абдуллоҳ: Мавозеъи Эрон дар ҳимоят аз раванди сулҳ барои Афғонистон муҳим аст
Октябр 20, 2020 08:21Раиси Шурои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон бо баёни ин ки мавозеъи Эрон дар раванди сулҳи Афғонистон муҳим аст таъкид кард, Эрон метавонад ба унвони як кишвари ҳамсоя, нақши муҳимме дар пешбурди раванди сулҳи Афғонистон ифо кунад.
-
Ифшогарии Созмони ҳуқуқи башар аз ҷинояти террористҳои таҳти ҳимояти Туркия дар шимоли Ҳалаб
Октябр 20, 2020 07:52Созмони ҳуқуқи башар дар шаҳри Африн (Afrin) дар устони Ҳалаб, шимоли Сурия дар баёнияе аз ҷиноятҳои ҷадиди гуруҳҳои террористии вобаста ба Туркия дар шимоли ин устон парда бардошт.
-
Соиб Эреқот даргузашт
Октябр 20, 2020 07:34Телевизиони Фаластин душанбешаб аз даргузашти Соиб Эреқот (Saeb Erekat)- дабирикулли Кумитаи иҷроии Созмони озодибахши Фаластин "СОФ" хабар дод.
-
Наҷоти муъҷизаосои марди арабистонӣ аз ҳодисаи рониши замин
Октябр 19, 2020 12:15Марде дар Арабистони саъудӣ ба тарзи муъҷизаосо аз як ҳодисаи рониши замин ҷони солим ба дар бурд.
-
Гушуда шудани дарҳои Масҷид-ун-Набӣ ба рӯи намозгузорон
Октябр 18, 2020 17:00Раиси умумии Масҷид-ун-Набӣ дар Мадинаи мунаввара аз бозгушоии дарҳои равзаи шарифи Масҷид-ун-Набӣ мавсум ба "қитъае аз биҳишт" ба рӯи намозгузорон хабар дод.
-
Идомаи газофагӯиҳои вазири хориҷаи Арабистон: Эрон омили ҳамаи буҳронҳост
Октябр 16, 2020 18:08Вазири хориҷаи Арабистон панҷшанбешаб бори дигар ба такрори иттиҳомот ва иддаоҳои беасос алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон пардохт.
-
Раъйи манфии намояндагони араб дар порлумони режими саҳюнистӣ ба тавофуқи Иморот бо Исроил
Октябр 15, 2020 14:50Эътилофи намояндагони араб дар порлумони режими саҳюнистӣ эълом кард ба тавофуқномаи оддисозии равобити Исроил бо Иморот раъйи манфӣ хоҳад дод.