Гушуда шудани дарҳои Масҷид-ун-Набӣ ба рӯи намозгузорон
Раиси умумии Масҷид-ун-Набӣ дар Мадинаи мунаввара аз бозгушоии дарҳои равзаи шарифи Масҷид-ун-Набӣ мавсум ба "қитъае аз биҳишт" ба рӯи намозгузорон хабар дод.
Ба гузориши ИРНА, «Абдурраҳмон Ас-Садис» раиси умумии умури Масҷид-ун-Набӣ шаби шанбе дар иттилоъияе иҷозаи ёфтани намозгузорон барои адои фаризаи илоҳӣ дар равзаи шариф ва зиёрати қабри Расули Акрам ( с )-ро табрик гуфт.
Телевизиюни расмии Арабистон низ дар соати аввалияи субҳи рӯзи якшанбе эълом кард, масъулони ин кишвар барои нахустин бор аз ҳафт моҳи гузашта ( моҳи морс), ба шаҳрвандон ва афроди муқим дар дохили Арабистон иҷозаи иқомаи намоз дар Масҷид-ул-Ҳаром дар Маккаро додаанд.
Дар ҳамини ҳол, созмони ҳилоли аҳмари Арабистон ҳам аз иҷрои тарҳи вуруди зоирон ва намозгузорон ба равзаи шариф бо 200 довталаб хабар дод.
Равзаи шариф бахше аз Масҷид-ун-Набӣ аст, ки аз ҷойгоҳи волое назди мусулмонон бархурдор аст.
Мақомҳои Масҷид-ун-Набӣ ва равзаи шариф дар моҳи марти гузашта ин маконро барои назорати шуюъи вируси корона бастанд.
Арабистони чаҳоруми октябр низ баргузории маросими ҳаҷи умраро ба сурати тадриҷӣ аз сар гирифтааст .