Октябр 20, 2020 14:53 Asia/Dushanbe
  • Таҳлилгарони араб аз поёни таҳримҳои таслиҳотии Эрон мегӯянд
    Таҳлилгарони араб аз поёни таҳримҳои таслиҳотии Эрон мегӯянд

Бархе таҳлилгарони араб бо интишори рӯйкардҳои худ аз натоиҷи рафъи таҳримҳои таслиҳотии Эрон навиштанд: ҳамроҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар поён додан ба таҳримҳои таслиҳотӣ ва тамоили кишварҳо барои ҳамкорӣ, сабаби тақвияти ҷойгоҳи байналмилалии кишвар ва латма хӯрдан ба эътибори сиёсӣ ва ҳуқуқии Амрико мешавад ва умедҳоро барои таомул ва ҳамкории бештар миёни Эрон ва кишварҳои аврупоӣ дар чорчӯби тавофуқи ҳастаӣ бештар месозад.

Ба гузориши ИРНА, таҳрими таслеҳотии Эрон  рӯзи якшанбе 18 октябр, бар асоси тавофуқи ҳастаӣ ва қатъномаи 2231 Шӯроии Амнияти Созмони Милалӣ пас аз 13 сол ба поёни расид . Ин таҳримҳо шомили судури ҳар гуна таслеҳот аз Эрон ва низ мамнуияти фурӯши силоҳҳои сангини шомили танк, болгард, нов ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва сомонаҳои тӯпхонаӣ ва мушакӣ ба Эрон буд. Акнун бо бардошта шудани таҳримҳои таслеҳотии Созмони Милал алайҳи Эрон, ки ба мӯҷиби тавофуқи ҳастаӣ ва пойбандии Эрон ба ин тавофуқи сурат гирифтааст Эрон метавонад бо дигар кишварҳои ҷаҳонӣ хариду фурӯши силоҳу таҷҳизоти низомӣ анҷом диҳад. Лағви таҳримҳои таслеҳотии Эрон дар ҳоле сурат мегирад, ки Амрико барои сангандозӣ дар ин масири  иқдомоти густардаеро анҷом дод, аммо дар ин замина ноком монад .


Лағви таҳримҳои таслиҳотӣпирӯзии дипломасии Эрон ва ҷомеаи байналмилалии

Таҳримҳои таслеҳотии Эрон дар шароитии пас аз 13 сол ба поёни роҳи худ расид, ки Амрико  пас аз хурҷи якҷониба аз Барҷом дар чорчӯби идомаи сиёсати фишори ҳаддиаксарии алайҳи Эрон  тайи моҳҳои гузашта аз ҳар абзор ва трибун  барои тамдиди таҳрими таслеҳотии Эрон  баҳра бурдааст. Кохи Сафед тайи моҳҳои ахир  Шӯрои  Амнияти Созмони Милалро ҳадафгузорӣ кард ба умеди он ки созукори бозгардони ҳамаи таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрони таҳти унвони « механизми моша»-ро фаъол кунад. Бо вуҷуди муборизаҳои густурдаи дастаи Трамп, қатъномаи таҳти сарпарастии ИМА дар бораи эмбаргои силоҳ алайҳи Эрон моҳи августи соли ҷорӣ Шӯрои Амниятро қабул накард, бо 11 бетараф, ду нафар ҷонибдорӣ ва ду нафар мухолиф.

 «Муҳамад Ҳасан ал-Буҳронӣ » таҳлилгари масоили сиёсии рӯзномаи «ал-Бано» Лубнон  дар ин замина гуфт: бо поёни таҳримҳои таслеҳотии Созмони милал метавон гуфт, ки марҳалаи тозае барои Эрон оғоз шудааст. Эрон  пас аз ин ба мӯҷиби қавонини байналмилалӣ метавонад ба хариду фурӯши таслеҳотӣ бо ҳар кишваре, ки бихоҳад иқдом кунад . Ин таҳаввули пирӯзии сиёсӣ ва дипломасӣ барои Эрон ва ҷомеаи байналмилал ба шумор меравад, ки талошҳои бисёри Амрико барои сангандозӣ дар масир бардошта шудани таҳримҳои таслеҳотиро ноком гузоштанд . Тайи ҳафтаҳои ахир  Амрико мунзавй шудааст ва давлати Трамп бо шикасти муфтазиҳонае рӯ ба рӯ шудааст .

Барбара Славин, раҳбари гурӯҳи Эрон дар маркази таҳлилии Шӯрои Атлантик, ахиран дар сӯҳбат бо Ал-Ҳурра гуфт: "Ҷомеаи байналмилалӣ ҳанӯз ҳам созиши ҳастаиро зинда нигоҳ медорад. Дар натиҷа, ҳеҷ як ҳизб ба ҷуз режими Исроил ва баъзе давлатҳои арабии халиҷ тасмимҳои Трампро дар бораи бозгардонидани таҳримот алайҳи Эрон эътироф намекунад.

 Чарои нигаронии Амрико аз поёни таҳримҳои таслиҳотии Эрон 

Бархе таҳлилгарони кишварҳои араб мӯътақиданд : Эрон тавонистааст дар шароити душвори таҳримӣ ба дастовардҳои бузурге дар заминаи тавлиди силоҳ   даст ёбад . Силоҳҳои Эронӣ дар набард бо террористҳои ДИИШ дар Сурияу Ироқ ва ҳамла ба нерӯҳои Амрико дар пойгоҳи «Айн ал-Асад» озмуни худро бо муваффақияти пушти сар гузоштаанд. Дар чунин шароит  ба назар мерасад нигаронии Амрико аз лағви таҳримҳои таслеҳотии Эрон  бобати хариди силоҳ аз сӯи Теҳрон нест, балки нигаронии ин кишвар ба далели содироти таслиҳотӣ аст.

 Рӯзномаи электруникии «Рай ал-Явм» дар ин хусус навишт: бардошта шудани таҳрими таслиҳотии Эрон  сабаб хоҳад шуд Эрон бо қудрат дар арсаи ҷаҳонии вориди бозори саноеи низомӣ шавад ва силоҳҳои худро дастикам ба беш аз 51 кишвари ҷаҳон бифурӯшад. Афзун бар он, саноеи низомии Эрон ба якӣе аз манобеи таъмини молии муҳим барои ин кишвар  табдил хоҳад шуд ва ин кишвар метавонад дар шароити таҳрими иқтисодӣ, миллиардҳо доллар ба хазонаи худ биафзояд. Ин мавзӯ ба зудӣ барои иқтисоди Эрон  осори мусбате ба дунбол хоҳад дошт.

Ба гузориши маркази пажӯҳишҳои Алҷазира, " дар арса амалӣ бардоштани таҳримҳо сабаб мешавад Эрони озодона ва ба таврии расмӣ дар бозорҳои ҷаҳонии силоҳ ба унвони содиркунанда ва воридкунанда фаъол шавад. Дар ин сурат  саноеи низомии Эрон танҳо ба бозорҳои дохилӣ маҳдуд нахоҳад шуд. Балки Эрон  тибқи қавонин ва муқаррароти байналмилалӣ хоҳад тавонист силоҳҳои худро дар ихтиёри ҳампаймонони худ қарор диҳад. Дар чунин шароите саноеи дифоии Эрон афзун бар таъмини ниёзҳои дохилӣ ба яке аз манобеи молии Эрон  табдил  хоҳад  шуд." 

Тибқи ин гузориш; масъалаи рафъи таҳримҳо ва воридоту содироти силоҳ  яке аз муҳимтарин омили бақоии Эрон дар тавофуқи ҳастаӣ бо вуҷуди камкории дигар  кишварҳо дар амал ба таъаҳҳудоти худ пас аз ақабнишинии Амрико аз тавофуқ ва аъмоли таҳримҳои якҷониба аст. Эрон бо содироти саноеи низомии худ аз ҷумлаи анвоъи мушакҳо, паҳподҳо, қойиқҳои сариъулсайр, новшикан ва ҷангафзорҳо метавонад фаъол зоҳир шавад . Сурия, Ироқ, Афғонистон, Венесуэла ва. .. ки дорои равобити танготангӣ бо Эрон ҳастанд метавонанд аз нахустин муштарёни ин кишвар бошанд ва бо ҳамкории худ бо фишорҳои Амрико муқобила кунанд.

Дар маҷмӯъ, ин гурӯҳи таҳлилгарон дар кишварҳои арабӣ мегӯянд, ки поёни эмбаргои силоҳи Эрон, сарфи назар аз муборизаҳо ва ихтилофоти дастаи Трамп, акнун як бадномӣ ва расвоии ҷиддиро барои Иёлоти Муттаҳида ва Трамп ба вуҷуд овардааст. Аз тарафи дигар, ин масъала эътимоди сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва дипломатии Эронро тақвият бахшид ва бори дигар нишон дод, ки Барҷом ҳоло ҳам қавӣ аст. Ҳоло, ки Трамп ва маъмурияти ИМА дар пайи эҷоди вазъияте ҳастанд, ки Эрон натавонад манфиати поёни эмбаргои силоҳро пас аз ин шикаст ба даст оварад, Эрон бояд кӯшиш кунад, ки кишварҳоро дар урдугоҳи худ нигаҳ дорад ва аз моделҳои муваффақи тиҷорати хориҷӣ истифода кунад. Бо онҳо ҳамкорӣ кунад ва Иёлоти Муттаҳидаро ҳарчӣ бештар ба мунзавӣ созад.

бештар бихонед: