Абдуллоҳ Абдуллоҳ: Мавозеъи Эрон дар ҳимоят аз раванди сулҳ барои Афғонистон муҳим аст
(last modified 2020-10-20T06:51:12+00:00 )
Октябр 20, 2020 11:51 Asia/Dushanbe
  • Дидгоҳи раиси Шурои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар бораи нақши Эрон дар сулҳи ин кишвар
    Дидгоҳи раиси Шурои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар бораи нақши Эрон дар сулҳи ин кишвар

Раиси Шурои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон бо баёни ин ки мавозеъи Эрон дар раванди сулҳи Афғонистон муҳим аст таъкид кард, Эрон метавонад ба унвони як кишвари ҳамсоя, нақши муҳимме дар пешбурди раванди сулҳи Афғонистон ифо кунад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шурои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, ки ба Теҳрон сафар кардааст, шомгоҳи душанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА, зимни ишора ба ин ки ҳамкории кишварҳои минтақа метавонад ба пешбурди раванди сулҳ ва гуфтугӯҳо кумак кунад гуфт, дар машваратҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ, мавозеъи кишвари ҳамсоя барои Афғонистон бисёр муҳим аст.

Абдуллоҳ бо баёни ин ки мардуми Афғонистон таъмини сулҳи пойдор ва ҳамчунин ҳифзи дастовардҳое, ки барои он қурбонӣ додаанд, хостор ҳастанд афзуд, хушбахтона мавозеъи Эрон ва Афғонистон ба ҳам наздик аст.

Раиси Шурои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар хусуси охирин вазъияти санади ҷомеъи ҳамкориҳои Эрон ва Афғонистон ҳам изҳор кард, тавсеъаи муносиботи иқтисодӣ ба нафъи ҳар ду кишвар аст лизо дар ду соли ахир бар рӯи санади ҷомеъи ҳамкориҳои ду кишвар кор шуда ва пешрафт ҳам доштааст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шурои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон рӯзи якшанбе дар садри ҳайате барои дидор ва ройзанӣ бо мақомоти Эрон вориди Теҳрон шуд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ то кунун бо Ҳасани Руҳонӣ- раиси ҷумҳур, Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шурои исломӣ, Алии Шамхонӣ- дабири Шурои олии амнияти миллӣ,  Муҳамадҷаводи Зариф- вазири умури хориҷа ва Ризо Ардакониён- вазири неруи Эрон дидору ройзанӣ кардааст.

 

Барчасп