Вуруди Исроил ба фози амалиёти террор дар Яман
(last modified Fri, 04 Apr 2025 11:15:41 GMT )
Апрел 04, 2025 16:15 Asia/Dushanbe
  • Вуруди Исроил ба фози амалиёти террор дар Яман

Порс-Тудей. Шабакаи 14 телевизиони режими саҳюнистӣ аз вуруди ин режим ба фози амалиёти террор дар Яман хабар дод.

Шабакаи 14 телевизиони режими саҳюнистӣ рӯзи панҷшанбе муддаӣ шуд, ки яке аз масъулини олирутбаи Давлати наҷоти миллии Яман дар Санъо ба шаҳодат расидаву ахбори ҷаставу гурехтае дар робита бо ин ки созмони ҷосусии Исроил “Моссад” даст ба ин террор задааст, вуҷуд дорад.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, дар ин гузориш омадааст, дар сояи ҳамалоти Амрико алайҳи аҳдофи мухталиф дар Яман, гузоришҳое аз вуқӯи як террор дар бомдоди панҷшанбе мунташир шуд, ки дар ҷараёни он дастёри ҷонишини вазири кишвари давлати Яман бар асари инфиҷори бомбае дар дохили мошинаш ба шаҳодат расидааст.

Бар асоси иддаои шабакаи 14 телевизиони режими саҳюнистӣ, иттилооти мунташиршуда нишон медиҳад, ки худрави ин фард, ки ба Абу Айҳам маъруф аст, на аз тариқи ҳамлаи ҳавоӣ, балки ба василаи як бомбае, ки дар он кор гузошта шуда буд, мунфаҷир шудааст. Ин навъ иқдомот тактикаҳое аст, ки Моссад дар он табаҳҳури вижае дорад ва ҳамин амр боис мешавад то ин пурсиш матраҳ шавад, ки оё Моссад ҳамалоти худро дар Яман оғоз кардааст?

Амрикову Англия дар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ аз 25 исфанд иқдом ба ҳамалоти ҳавоӣ алайҳи Яман кардаанд. Дар ин ҳамалот то кунун даҳҳо ғайринизомӣ куштаву захмӣ шудаанд.

Артиши Яман дар моҳҳои ахир дар ҳимоят аз муқовимати миллати мазлуми Фаластин дар борикаи Ғазза, зимни муҳосираи дарёии режими саҳюнистӣ, ҳамалотеро алайҳи аҳдофи низомии режими Исроил анҷом додааст.

Неруҳои артиши Яман мутааҳҳид шудаанд то замоне ки режими саҳюнистӣ ҳамалоти худ ба Ғаззаро мутаваққиф накунад, муҳосираву ҳамалот ба сарзаминҳои ишғолшуда тавассути Исроилро идома хоҳанд дод.

Абдулбори Атвон, таҳлилгари машҳури ҷаҳони араб чанде пеш дар вебгоҳи интерентии “Раъй-алявм” навишт: Яман таслим нахоҳад шуд. Онҳо дар таърихи 12 ҳазорсолаи худ чизе бо унвони шикаст ё таслим дар собиқаи таърихиашон надоранд. Мо таърихи Яман ва қудрати миллати онро мешиносем ва итминон дорем, ки пойдориву имони онҳо муқаддимае барои бозгашти каромату итминон ва пирӯзӣ ба уммати Ислом хоҳад буд ва мардуми Ғазза низ бо идомаи пойдории худ таъми пирӯзиро хоҳанд чашид.