Ҷинояти бемористони Ал-Маъмадони нишондиҳандаи сиёсати куштори созмонёфтаи саҳюнистҳост
(last modified Tue, 15 Apr 2025 07:04:49 GMT )
Апрел 15, 2025 12:04 Asia/Dushanbe
  • Ҷинояти бемористони Ал-Маъмадони нишондиҳандаи сиёсати куштори созмонёфтаи саҳюнистҳост

Порс-Тудей. Маҷмаи ҷаҳонии бедории исломӣ дар баёнияе ҳамлаи ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба бемористони Ал-Маъмадониро маҳкум кард.

Маҷмаи ҷаҳонии бедории исломӣ душанбешаб дар баёнияе таъкид кард: Ин иқдоми ваҳшиёна, ки мунҷар ба шаҳодату захмӣ шудани даҳҳо ғайринизомии бегуноҳ, аз ҷумла занон, кӯдакон ва беморон шуд, бори дигар чеҳраи хунхору террористии ин режими ғосибро барои ҷаҳониён ошкор сохт. Ин ҷинояти ҳавлнок нишондиҳандаи сиёсати саркӯб, террору куштори созмонёфтаи саҳюнистҳо алайҳи миллати мазлуми Фаластин аст. /Исна