Дидори маҳрамонаи вазири саҳюнист ва раиси Моссад бо Виткоф
Порс-Тудей. Як расонаи амрикоӣ навиштааст, мақомҳои аршади амниятӣ ва роҳбурдии режими саҳюнистӣ пеш аз музокироти Эрону Амрико бо фиристодаи вижаи Кохи Сафед дар Порис дидор карданд то мавзеи Вашингтонро дар ин гуфтугӯҳо таҳти таъсир қарор диҳанд.
Пойгоҳи хабарии “Аксиюс” ба нақл аз се манбаи мутталеи исроилӣ навишт: Рон Дермер, вазири умури роҳбурдии режими саҳюнистӣ ва Дейвид Борния, раиси созмони ҷосусии ин режим (Моссад) имрӯз (ҷумъа) дар Порис дар як дидори пинҳонӣ бо Стив Виткоф, намояндаи вижаи Кохи Сафед дар Ғарби Осиё барои гуфтугӯ дар бораи музокироти ҳастаии Эрону Амрико мулоқот карданд.
“Аксиюс” афзуд, дафтари Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими Исроил ва сухангӯи Виткоф аз изҳори назар дар ин бора худдорӣ карданд. /Исна