Хашми густардаи раҳбарони фаластинӣ аз изҳороти ҷанҷолии Маҳмӯд Аббос
-
Хашми густардаи раҳбарони фаластинӣ аз изҳороти ҷанҷолии Маҳмӯд Аббос
Порс тудей - Изҳороти Маҳмӯд Аббос , раиси ташкилоти худгардони Фаластин дар нишасти Шӯрои марказии фаластиниён , мавҷӣ аз интиқодоти раҳбарони фаластиниро ба дунбол дошт ки ин изҳороти ҷанҷолӣ ва муғойир манофеи миллии Фаластинро омили ташдиди шикофи дохилӣ донистанд.
Тайсир ал-Алӣ , намояндаи маҷлиси миллии Фаластин дар гуфтугӯ бо шабакаи Қудс эълом кард ки суханони Маҳмӯд Аббос дар Шӯрои марказӣ тавҳин ба мардуме, буд ки пас аз ин суханон , умеди худро ба вай аз даст доданд . Ал-Алӣ , афзӯд : Ин суханон монеъӣ барои эҷоди ваҳдати миллӣ буда чаро, ки ҳечкас наметавонад бо касоне ваҳдат кунад ки онҳоро ба ғайри миллӣ будан муттаҳаму омили хисоратҳои миллати Фаластин талаққӣ мекунанд дар ҳоле, ки далели ин хисоратҳо ишғолгарон ҳастанд .