Мухолифати ду сеюм англисиҳо бо сафари Трамп ба кишварашон
(last modified Thu, 24 Apr 2025 07:29:35 GMT )
Апрел 24, 2025 12:29 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати ду сеюм англисиҳо бо сафари Трамп ба кишварашон
    Мухолифати ду сеюм англисиҳо бо сафари Трамп ба кишварашон

 Порс тудей - Ду сеюм аз ҷамъияти Англис мегӯянд : Набояд иҷоза дод раиси Ҷумҳурии Амрико замони ҳузур дар Лондон , дар иҷтимои намояндагони ду Маҷлиси Англис суханронӣ кунад .

Рӯзномаи англисии Daily Mail рӯзи чаҳоршанбе бо дарҷи ин матлаб навишт : Доналд Трамп , раиси Ҷумҳурии Амрико қарораст ба даъвати шоҳи Англис , дар авохири соли ҷории милодӣ , дар сафари расмӣ ба Лондон бияёд . Ба навиштаи ин рӯзнома , барасоси натиҷаи назарсанҷии муассиса  ( YouGov ) , 63 дарсад аз мардум Англис мегӯянд : Бояд монеъи вуруди Трамп ба сохтимони Маҷлис дар Лондон шуд .