Рекордшикании ширкатҳои донишбунёни Эрон бо содироти 500 миллиондолларӣ
(last modified Tue, 06 May 2025 07:52:15 GMT )
Май 06, 2025 12:52 Asia/Dushanbe
  • Рекордшикании ширкатҳои донишбунёни Эрон бо содироти 500 миллиондолларӣ

Порс-Тудей. Мудири кулли дафтари арзёбии ширкатҳои донишбунёни муовинати илмии раёсати ҷумҳурии Эрон бо таъкид бар ҷойгоҳи меҳварии ин ширкатҳо дар тавсеаи фанновариву санъати кишвар, аз содироти чашмгири 500 миллиондолларии маҳсулоти онҳо дар соли 1403 (2024) хабар дод.

Амири Юнусиён бо ишора ба нақши калидии ширкатҳои донишбунён ба унвони пешрони тавсеаи илму фанноварӣ дар пешбурди санъатии Эрон, аз содироти 500 миллиондолларии маҳсулоти ин ширкатҳо дар соли гузашта хабар дод ва ин рақамро бо тавваҷуҳ ба навпо будани ин ширкатҳо қобили тавваҷуҳ донист.

Мудири кулли дафтари арзёбии ширкатҳои донишбунёни муовинати илмии раёсати ҷумҳурии Эрон ҳамчунин бар зарурати фароҳам кардани зерсохтҳои тавсеаи илму фанноварӣ барои ширкатҳои донишбунён таъкид кард. /Меҳр