Ҷумъаи хунин дар Ғазза. Шаҳодати 250 фаластинӣ дар 36 соати гузашта
(last modified Fri, 16 May 2025 12:46:43 GMT )
Май 16, 2025 17:46 Asia/Dushanbe
  • Ҷумъаи хунин дар Ғазза. Шаҳодати 250 фаластинӣ дар 36 соати гузашта

Порс-Тудей. Режими саҳюнистӣ бо рақам задани ҷумъаи хунин барои ғайринизомиёни бедифои фаластинӣ дар борикаи Ғазза ва ба шаҳодат расонидани 100 нафар аз бомдоди имрӯз, шумори шуҳадои ин борикаро дар 36 соати гузашта ба 250 тан расонд.

Мунир Албурш, мудири кулли Вазорати беҳдошти Ғазза эълом кард, ки ин борика дар 36 соати гузашта шоҳиди ваҳшатноктарин ҷинояти поксозии нажодӣ буд, ки дар он 250 нафар ба шаҳодат расиданд. Албурш дар идома бо ишора ба ин ки дар 36 соати гузашта беш аз 150 маҷрӯҳ ҳам ба бемористонҳои Алъуда ва Индонезияӣ мунтақил шуданд, гуфт: Ишғолгарон аз силоҳҳои модерну мамнуаи байналмилалӣ барои ҳадаф қарор додани таъсисоти ғайринизомӣ истифода мекунанд, ба тавре ки теъдоди ҷанинҳои ноқисулхилқа дар натиҷаи силоҳҳои мавриди истифодаи ишғолгарон афзоиш ёфтааст. /Меҳр