Ойини бузургдошти Фирдавсӣ дар Филиппин
(last modified Sun, 25 May 2025 05:40:33 GMT )
Май 25, 2025 10:40 Asia/Dushanbe
  • Ойини бузургдошти Фирдавсӣ дар Филиппин

Порс Тудей - Ойини бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ва Рӯзи посдошти забони форсӣ, бо ҳамкории ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Филиппин, намояндагии Бунёди Саъдӣ ва гуруҳи забоншиносии Донишгоҳи Филиппин, дар шаҳри Манила баргузор шуд.

Абдулмаҷиди Абулқосимӣ, ройзани фарҳангии Эрон дар Филиппин ва намояндаи Бунёди Саъдӣ, дар маросими бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ бо таъкид бар пешинаи куҳани забони форсӣ гуфт: Забони форсӣ яке аз қадимитарин забонҳои ҷаҳон аст, ки ҳамвора фаротар аз як забони иртиботӣ, ҳомили фарҳанг, адаб, фалсафа ва тафаккур будааст. Абулқосимӣ бо ишора ба нақши Фирдавсӣ дар ҳифзи забони форсӣ гуфт: Фирдавсӣ на танҳо шоире бузург, балки посдори ҳувияту фарҳанги эронӣ буда ва Шоҳнома, асари мондагори ӯ, забони форсиро аз хатари фаромӯшӣ, раҳоӣ бахшид. /