“Руҳуллоҳ” - ривояте мустанад аз зиндагии пурифтихори бунёнгузори инқилоби исломӣ
Порс-Тудей. Нависандаи эронии китоби “Руҳуллоҳ” гуфт: Имом Хумайнӣ (раҳ) ҳамвора ба мардум, хусусан табақоти поини ҷомеа тавваҷуҳи вижа доштанду мардумгароӣ аз хусусиёти боризи эшон буд.
Ҳодии Ҳакимиён, нависандаи китоби “Руҳуллоҳ” бо таъкид бар ин ки оро ва андешаҳои имом Хумайнӣ баъд аз гузашти солиёни сол ҳанӯз дар ҷомеа дар ҷараён аст, гуфт, беш аз 40 сол аз пирӯзии инқилоби исломии Эрон мегузарад, вале мо ҳамчунон дар атмосферае нафас мекашем ва дар шароите зиндагӣ мекунем, ки ба шиддат мутаассир аз сира, шахсият, оро ва андешаҳои имом Хумайнӣ, бунёнгузори инқилоби исломӣ аст.
Китоби “Руҳуллоҳ” рӯзи душанбе ва дар остонаи солгарди иртиҳоли ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) бо ҳузури ҷамъе аз пажӯҳишгарони ҳавзаи иҷтимоӣ ва бо тақризи Раҳбари муаззами инқилоб рӯнамоӣ шуд. /Ирна