Ибрози ҳамбастагии раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ бо мардуми Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i120930
Порс-Тудей. Раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ маротиби таслият, ҳимоят ва ҳамбастагии худро бо мардуми Эрон ва варзиши кишвар эълом кард.
(last modified 2025-07-11T12:58:19+00:00 )
Июл 11, 2025 17:57 Asia/Dushanbe
  • Ибрози ҳамбастагии раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ бо мардуми Эрон

Порс-Тудей. Раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ маротиби таслият, ҳимоят ва ҳамбастагии худро бо мардуми Эрон ва варзиши кишвар эълом кард.

Кристи Ковентри бо ирсоли номае ба Маҳмуди Хусравии Вафо, раиси Кумитаи миллии олимпии Эрон навишт: Ҳамон тавр, ки мутталеъ ҳастед, Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҳамвора мудофеи сулҳ, созиш ва ҳамбастагӣ мебошад ва мутмаин бошед, ки дар ин шароити байналмилалии беш аз ҳамеша душвор, Кумитаи байналмилалии олимпӣ тамоми талоши худро дар тамомии сутуҳ ба кор хоҳад гирифт то аз усули бунёдини олимпизм ва арзишҳои олимпӣ ва ба вижа неруи ваҳдатбахши варзиш муҳофизат намояд ва онҳоро тарвиҷ диҳад.

Ковентри афзуд: Аз таомули арзишманд ва талошҳои мустамари шумо дар ҷиҳати тарвиҷи арзишҳои олимпӣ сипосгузорам ва дар сурати ниёз ба ҳар гуна мусоидати вижа, омодагии комил дорем. /Хабаргузории садо ва симо