Хабарнигори бразилияӣ: Хабарнигорон бояд ҷиноёти Исроилро ифшо кунанд
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121096-Хабарнигори_бразилияӣ_Хабарнигорон_бояд_ҷиноёти_Исроилро_ифшо_кунанд
Порс-Тудей. Жувоно Виёл, хабарнигор бразилияӣ гуфт, дидгоҳҳо нисбат ба бетарафии рӯзноманигорӣ тағйир карда ва мо ба унвони рӯзноманигору хабарнигорон бояд ҷиноёти режими Исроилро ифшо кунем.
(last modified 2025-07-21T06:04:00+00:00 )
Июл 21, 2025 11:02 Asia/Dushanbe
  • Хабарнигори бразилияӣ: Хабарнигорон бояд ҷиноёти Исроилро ифшо кунанд

Порс-Тудей. Жувоно Виёл, хабарнигор бразилияӣ гуфт, дидгоҳҳо нисбат ба бетарафии рӯзноманигорӣ тағйир карда ва мо ба унвони рӯзноманигору хабарнигорон бояд ҷиноёти режими Исроилро ифшо кунем.

Жувоно Виёл, хабарнигор бразилияӣ гуфт: Мо ба унвони рӯзноманигор - довар ё сабткунандаи имтиёз нестем, балки бояд беадолатиҳову ҷиноёти ҷангиро, ки режими саҳюнистӣ анҷом медиҳад, ифшо кунем.

Ин хабарнигори бразилияӣ афзуд: Исроил ба ғайринизомиён ҳамла мекунад, чун мутлақан ҳеҷ эҳтироме барои қавонини ҷанг ё ҳар навъ аз қавонини ҳуқуқи башарӣ қоил нест, онҳо (исроилиҳо) ғайринизомиёнро ба унвони аҳдофи мустақим мавриди исобат қарор медиҳанд. Ҳамон тавр, ки дар Каронаи бохтарӣ, Ғазза, Лубнон ва акнун дар Эрон чунин мекунанд.

Ин фаъоли расонаи бразилияӣ гуфт: Бузургтарин ҳадафи Исроил, тарвиҷи ин тасаввур будааст, ки Эрон бузургтарин таҳдид аст ва вақте ба ахбор дар расонаҳои ғарбӣ нигоҳ мекунед ва мебинед, ки чӣ гуна ривояти саҳюнистиро таблиғ мекунанд, боис мешавад фикр кунем, ки рӯзноманигороне мисли мо бояд барои муқобила бо ин ривоят талош кунанд, зеро умдатан расонаҳо дар ҳоли намоиши ривояти саҳюнистҳо ҳастанд.