Қувват гирифтани эҳтимоли фурӯпошии кабинаи эътилофии Натанёҳу
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121198-Қувват_гирифтани_эҳтимоли_фурӯпошии_кабинаи_эътилофии_Натанёҳу
Порс-Тудей. Як рӯзномаи ибризабон душанбе ба эҳтимоли фурӯпошии кабинаи эътилофии Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ бар асари ташдиди ихтилофоти дохилӣ ишора кард.
(last modified 2025-07-28T07:06:21+00:00 )
Июл 28, 2025 12:04 Asia/Dushanbe
  • Қувват гирифтани эҳтимоли фурӯпошии кабинаи эътилофии Натанёҳу

Порс-Тудей. Як рӯзномаи ибризабон душанбе ба эҳтимоли фурӯпошии кабинаи эътилофии Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ бар асари ташдиди ихтилофоти дохилӣ ишора кард.

Рӯзномаи “Маорив” навишт: Тасмими кабинаи Натанёҳу мабнӣ бар судури муҷаввиз барои вуруди қатрачаконии кумакҳои инсонӣ ба Ғазза дар чанд соати маҳдуд, он ҳам таҳти фишори шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бо ҳадафи беҳбуди виҷҳаи махдӯши режими саҳюнистӣ боиси барангехта шудани хашми шуракои эътилофии Натанёҳу, яъне Бетсалел Смотрич, вазири дороӣ ва Итмар бен Гвир, вазири амнияти дохилии ин режим шудааст.

Ба навиштаи ин рӯзномаи исроилӣ, Смотрич эълом карда, ки ҳизби ӯ ройзаниҳои сиёсии фаврӣ барои баррасии ояндаи кабина анҷом медиҳад. Вай ҳамчунин ба вуҷуди буҳрони эътимод дар қиболи амалкарди Натанёҳу ишора кардааст. Ҳизби вобаста ба Бен Гвир низ ройзаниҳое дар хусуси идомаи ҳузур дар эътилофи Натанёҳу анҷом медиҳад. Рӯзномаи “Маорив” афзудааст, ки нишонаҳои фурӯпошии ҷабҳаи ростгаро ба сурати ошкоре намоён шудааст. Шикофи дохилии эътилофи ҳоким дар режими саҳюнистӣ чизи ҷадиде нест, аммо хуруҷи ҳар кадом аз аҳзоби вобаста ба Бен Гвир ва Смотрич метавонад ба соқит шудани кабинаи Натанёҳу ба далели адами дастёбӣ ба аксарияти эътилофӣ бианҷомад.