Мақоми аршади Ҳизбуллоҳ: Муқовимат сипари воқеӣ дар баробари таҷовузоти саҳюнистӣ аст
Порс-Тудей. Раиси фраксияи Баъалбак ал-Ҳермел дар порлумони Лубнон таъкид кард, ки танҳо роҳи ҳифзи иззат, ҳокимияту амнияти Лубнон, идомаи масири муқовимат аст; роҳе ки ҳамвора ба дифоъ дар баробари таҷовузоти режими саҳюнистӣ мунтаҳӣ шудааст.
Ҳусайн Ҳоҷи Ҳасан дар суханронии худ дар маросими гиромидошти ҳафтаи шаҳид Муҳаммад Аббос Алхатиб, маъруф ба «Мунтазир», ки дар ҳамлаи режими Исроил ва дар роҳи Қудс шаҳид шуд, бо ишора ба нақши таъйинкунандаи муқовимат изҳор дошт: Интихоби муқовимат аз сӯи муҷоҳидон, гузинае аст, ки амнияту каромати Лубнонро тазмин карда ва ҳамчунон танҳо сипари воқеӣ дар баробари душман боқӣ хоҳад монд.
Раиси фраксияи Баъалбак ал-Ҳермел дар порлумони Лубнон афзуд: Ба шуҳадо ифтихор мекунем, онон дар виҷдону замири бедори уммати исломӣ ва дар ҳофизаи таърихии миллатҳо зиндаанд. Шуҳадо поягузорони пирӯзиҳо, тасбиткунандагони муодилаи боздорандагӣ ва кушояндагони роҳи озодагӣ ва иззат ҳастанд.
Ин узви порлумони Лубнон дар поён таъкид кард: Хуни поки шуҳадо ҳаргиз ҳадар нахоҳад рафт, балки ҳамчун чароғе равшан роҳи муқовиматро барои наслҳои оянда тарсим хоҳад кард.