Шумораи шаҳидони Ғазза ба беш аз 60 000 расид
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121238
Порстудей - Вазорати тандурустии Фаластин дар навори Ғазза рӯзи чаҳоршанбе эълом кард: Аз 7 октябри соли 2023 то кунун 60 034 нафар дар Ғазза шаҳид шудаанд.
(last modified 2025-07-30T09:49:17+00:00 )
Июл 30, 2025 14:45 Asia/Dushanbe
  • Шумораи шаҳидони Ғазза ба беш аз 60 000 расид

Порстудей - Вазорати тандурустии Фаластин дар навори Ғазза рӯзи чаҳоршанбе эълом кард: Аз 7 октябри соли 2023 то кунун 60 034 нафар дар Ғазза шаҳид шудаанд.

Вазорати тандурустии Фаластин дар Ғазза омори охири қурбониёни ҳамлаҳои пайвастаи режими Исроил ба навори Ғаззаро аз 7 октябри соли 2023 эълон кард, ки 60 ҳазору 34 нафар, аз ҷумла: 18 ҳазору 592 нафар кӯдакон (30,8 фоиз), 9 ҳазору 782 нафарро занон (16,3 фоиз) ва пиронсолон (16,38 фоиз) ташкил медиҳанд. Ин гурӯҳҳо 55 дарсади умумии шаҳидон дар Ғаззаро ташкил медиҳанд ва ин омор ба таври равшан ҳаҷми ҳамлаҳои мустақим ва беасос аз сӯи нирӯҳои ишғолгар алайҳи мардуми осоиштаи Фаластинро нишон медиҳад.