Путин: Аврупо як кутулаи сиёсӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121278
Порс тудей- Раиси Ҷумҳури Русия ҷумъа бо баёни ин ки Аврупо як кутулаи сиёсӣ аст гуфт: Мо ба сулҳи баландмуддат ва пойдор дбо Украина ниёз дорем, ки ҳам манофеъи Маскав ва ҳам манофеъи Киевро бароварда ва амнияти бархе кишварҳои дигарро низ тазмин кунад.
(last modified 2025-08-02T06:20:53+00:00 )
Август 02, 2025 11:10 Asia/Dushanbe
  • Путин: Аврупо як кутулаи сиёсӣ аст
    Путин: Аврупо як кутулаи сиёсӣ аст

Порс тудей- Раиси Ҷумҳури Русия ҷумъа бо баёни ин ки Аврупо як кутулаи сиёсӣ аст гуфт: Мо ба сулҳи баландмуддат ва пойдор дбо Украина ниёз дорем, ки ҳам манофеъи Маскав ва ҳам манофеъи Киевро бароварда ва амнияти бархе кишварҳои дигарро низ тазмин кунад.

Владимир Путин пас аз мулоқоти ғайрирасмӣ бо Александр Лукашенко, ҳамтои белорусиаш дар ҷазираи Валаам, воқеъ дар шимолу ғарби Русия, дар посух ба саволҳои хабарнигорон гуфт: "Шояд музокиракунандагони ҷониби Украина, ки бодиққат назареро пешниҳод карданд, ки мо бояд дар бораи амнияти Аврупо дар маҷмӯъ сӯҳбат кунем, дуруст мегуянд; ҳалли бӯҳрони умуми Украинаро метавон дар чаҳорчӯби бӯҳрони Украина арзёбӣ кард.

Раиси Ҷумҳурии Русия таъкид кард: Мо ҷонибдори ноил шудан ба сулҳи дарозмуддат дар Украина ҳастем, ки маҳдудияти вақт надорад. Путин ҳамчунин афзуд: Ҳадафи аслии Маскав аз байн бурдани авомили бӯҳрони Украина ва таъмини амнияти Русия аст ва шартҳое, ки Маскав дар тобистони соли 2024 дар масъалаи Украина пеш гузошта буд тағйир наёфтааст. Раиси ҷумҳури Русия гуфт: Албатта дар баробари масоили амниятии Русия ва Украина масоили башарӣ низ бояд баррасӣ шавад.