Ҳушдори мақоми Русия ба Амрико
-
Леонид Слутский-раиси Кумитаи умӯри байналмилали Думаи давлатии Русия
Порстудей - Раиси Кумитаи умӯри байналмилали Думаи давлатии Русия бо ишора ба талошҳои Вашингтон барои таҳти фишор қарор додани Маскав аз тариқи Чин ва Ҳинд гуфт, ки чунин иқдомот маҳкум ба шикаст хоҳанд буд.
Леонид Слутский дар вокуниш ба иқдомоти Вашингтон дар канали телеграмии худ навишт, ки тарҳи Кохи Сафед ва дигар кишварҳои ғарбӣ барои табдили ду кишвари Чину Ҳинд ба « аҳроми фишор » бар Маскав маҳкум ба шикаст аст . Вай ҳамчунин таъкид кард, ки Вашингтон бо эҷоди таҳримҳои иловагӣ низ дар рӯёрӯии сиёсӣ шикаст хоҳад хӯрд. Ин мақоми аршади рус гуфт, ки бисёр дур аз интизор аст, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳонӣ ин тарҳи ақаллияти ғарбиро пазируфта ва дар майдони онҳо бозӣ кунанд . Чину Ҳинд низ ошкоро ин тарҳро рад хоҳанд кард.