Гирдиҳамоии лубнониҳо дар ҳимоят аз Ҳизбуллоҳ
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121368-Гирдиҳамоии_лубнониҳо_дар_ҳимоят_аз_Ҳизбуллоҳ
Порстудей - Ҷамъе аз мардуми Лубнон рӯзи душанбе ва дар ҳимоят аз ҷунбиши муқовимати Ҳизбуллоҳ дар ҷануби ин кишвар гирдиҳамоӣ карданд ва шиорҳое дар ҳимоят аз ин ҷунбиш сар доданад.
(last modified 2025-08-05T11:08:02+00:00 )
Август 05, 2025 15:52 Asia/Dushanbe
  • Гирдиҳамоии лубнониҳо дар ҳимоят аз Ҳизбуллоҳ

Порстудей - Ҷамъе аз мардуми Лубнон рӯзи душанбе ва дар ҳимоят аз ҷунбиши муқовимати Ҳизбуллоҳ дар ҷануби ин кишвар гирдиҳамоӣ карданд ва шиорҳое дар ҳимоят аз ин ҷунбиш сар доданад.

Дар остонаи баргузории ҷаласаи кабинаи давлати Лубнон дар мавриди тасмимгирӣ барои бесилоҳгардонии Ҳизбуллоҳ , гуруҳе аз мардуми Лубнон дар ҳимоят аз ҷунбиши муқовимати Ҳизбуллоҳ ба хиёбонҳо омаданд . Ширкаткунандагон дар ин таҷаммуъ шиорҳое дар ҳимоят аз Ҳизбуллоҳи Лубнон сар дода ва ҳамчунин , бо сар додани шиори « лаббайк ё Насруллоҳ » зимни эъломи ҳимоят аз Ҳизбуллоҳ , мухолифати худро бо дахолати Амрико дар умӯри дохилии Лубнон ва таҳмили хостаҳои худ ба давлати ин кишвар барои халъи силоҳи муқовимат эълом карданд. Пештар Алӣ Файёз-намояндаи фраксюни « Вафодорӣ ба муқовимат » вобаста ба Ҳизбуллоҳ дар порлумони Лубнон аввалин гоми авлавиятро поён додан ба ишғолгарии режими Исроилу таваққуфи таҷовузгарии он алайҳи Лубнон қабл аз баҳс дар бораи ҳар масаълаи дигаре баён карда буд.