Ҳаводорони тими миллии футболи Итолиё алайҳи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ эътироз карданд
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121894-Ҳаводорони_тими_миллии_футболи_Итолиё_алайҳи_ҷиноятҳои_режими_саҳюнистӣ_эътироз_карданд
Порстудей – Ҳаводорони тими миллии футболи Итолиё, бо баёни эътирози худ аз ҷиноёти ин режим алайҳи мардуми Фаластин аз аъзои тими режими саҳюнистӣ руй гардонданд.
(last modified 2025-09-09T07:33:24+00:00 )
Сентябр 09, 2025 12:28 Asia/Dushanbe
  • Ҳаводорони тими миллии футболи Итолиё алайҳи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ эътироз карданд
    Ҳаводорони тими миллии футболи Итолиё алайҳи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ эътироз карданд

Порстудей – Ҳаводорони тими миллии футболи Итолиё, бо баёни эътирози худ аз ҷиноёти ин режим алайҳи мардуми Фаластин аз аъзои тими режими саҳюнистӣ руй гардонданд.

Тими миллии футболи Итолиё дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 бо режими саҳюнистӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар маросими ифтитоҳи ин бозӣ ҳаводорони итолиёвӣ ба садои суруди гимни худ аз аъзои тими режими саҳюнистӣ рӯ гардонданд ва эътирози худро аз ҷиноятҳои ин режим дар Ғазза баён карданд. Инчунин тамошобинон дар ҷараёни бозӣ плакатҳое бо навиштаҷоти "Исто" дар даст доштанд. Ин тамошобинон бо ин кор бар зарурати ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза таъкид карданд