Шодии мардуми борикаи Ғазза пас аз посухи Ҳамос ба тарҳи Трамп
-
Шодии мардуми борикаи Ғазза пас аз посухи Ҳамос ба тарҳи Трамп
Порстудей - Дар пайи эъломи посухи расмии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) ба тарҳи оташбаси пешниҳодии Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико фазои Ғазза шоҳиди мавҷе аз шодӣ ва ҷашнҳои мардуми муқовими ин минтақа ба рағми ҳамлаҳои ҳавоии душмани саҳюнистӣ шуд.
Пас аз эъломи мавзеи расмии ҷунбиши Ҳамос дар бора тарҳи пешниҳодии Доналд Трамп барои оташбас дар Ғазза , мардуми ин минтақа бо баргузории таҷаммуъҳои мардумӣ шодии худро аз эҳтимоли поёни буҳрону ҷанг иброз карданд. Аҳолии Ғазза ин лаҳзаро поёни як давраи талх аз ранҷу овораге донистанд. Ҳамзамон хабарнигори шабакаи ал-Ҳадс гузориш дод, ки оворагони Ғазза низ дар урдӯгоҳҳо ва манотиқи искони муваққат бо вуҷӯди парвози ҷангандаҳои исроилӣ дар осмон ба ҷашну ибрози умедворӣ ба оянда пардохтанд . Ин тасвирҳо нишондиҳандаи рӯҳияи муқовими мардуме аст, ки бо вуҷӯди бомбаборону муҳосира , ҳамчунон ба ояндаи беҳтар чашм дӯхтаанд. Ҷунбиши Ҳамос дар посух ба тарҳи оташбаси Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико бо таваққуфи комили ҷанг, табодули асирон ва идораи мустақили Ғазза мувофиқат кард ва хостори баррасии масоили ояндаи Ғазза дар чорчӯби манфиъатҳои миллии фаластинӣ шуд. Бар асоси гузориши Вазорати беҳдошти Фаластин аз оғози ҳамлаҳои густардаи артиши режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи борикаи Ғазза аз 7 октябри 2023 ( 15 меҳри 1402 ) то кунун 66 ҳазору 148 фаластинӣ шаҳид ва 168 ҳазору 716 нафари дигар захмӣ шуданд.