Трамп муддаии мувофиқати Натаняҳу бо таваққуфи бомбаборони Ғазза шуд
Порс Тудей - Раисиҷумҳури Амрико бо ишора ба тарҳи худ барои поён додан ба ҷанг дар Ғазза эълом кард: Нахуствазири режими саҳюнистӣ ба таври комил бо таваққуфи бомбаборони Ғазза мувофиқат кардааст.
Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии СНН гуфт, ки Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ба таври комил бо поён додан ба бомбаборони Ғазза ва ҳимоят аз чашмандози густардатари ӯ мувофиқ аст.
Раисиҷумҳури Амрико афзуд: Умедвор аст, пешниҳоди оташибаси ӯ ба воқеият табдил шавад, дар ҳоле, ки барои дастёбӣ ба он сахт талош мекунад.
Трамп рӯзи шанбе низ дар посух ба суоли хабарнигори СНН, бори дигар Ҳамосро таҳдид кард ва муддаӣ шуд, дар сӯрате, ки Ҳамос бар мондан дар қудрат исрор варзад, ба таври комил нобуд мешавад.
Ваъдаҳо ва изҳороти Трамп дар ҳоле аст, ки гуфтаҳои ӯ дар мавриди инки режими саҳюнистӣ ҳамалоти ҳавоии худ ба Ғаззаро ба таври муваққат мутаваққиф кардааст, дуруст аз об дар наомад. Дар рӯзҳои гузашта ва баъд аз эъломи тавофуқи Ҳамос бо тарҳи раисиҷумҳури Амрико, мақомҳои бемористонӣ дар Ғазза эълом карданд, ки дастикам 67 нафар дар Ғазза бар асари ҳамалоти Исроил ба шаҳодат расиданд./ Садо ва симо