Ҳушдори Туркия ба Исроил : Оташбаси Ғаззаро халалдор накунед
-
Ҳокон Фидон , вазири хориҷаи Туркия
Порстудей - Ҳокон Фидон , вазири хориҷаи Туркия дар нишасти хабарӣ бо ҳамтои ироқии худ таъкид кард, ки Исроил набояд иҷрои тавофуқи оташбас дар Ғаззаро бо иқдомоти таҳрикомезу хисоратбор мухтал(халалдор) кунад.
Ҳокон Фидон , вазири хориҷаи Туркия ҷумъашаб дар конфаронси матбуотии муштарак бо Фуод Ҳусайн дар Анқара гуфт ,ки тавофуқи марҳилаи нахусти тарҳи сулҳи Трамп дар Ғазза ҳосили ройзаниҳои тӯлонӣ ва гуфтугуҳое аст, ки бо мизбонии Миср анҷом шуд ва кабинаи Исроил низ онро тасвиб кардааст. Вай афзуд, ки марҳилаи аввал шомили вуруди кумакҳои инсонӣ , бозгашти оворагони фаластинӣ ва ақибнишинии неруҳои Исроил ба нуқоти мушаххасшуда дар нақша аст . Вазири хориҷаи Туркия бо таъкид бар зарурати иҷрои комили ин мавридҳо ҳушдор дод, ки иқдомоти таҳрикомези Исроил метавонад ба оғози дубораи ҷанг , идомаи наслкушӣ ва ихроҷи мардуми Фаластин аз сарзаминашон мунҷар шавад.