Мақоми саҳюнист : Натанёҳу моро ба фоҷеъаи ҳафтуми октябр кашонду масъӯлият намепазирад
-
Мушо Яълун , вазири ҷанги режими саҳюнистӣ
Порс тудей – вазири ҷанги собиқи режими саҳюнистӣ бо интиқод аз амалкарди кабинаи Натанёҳу , ӯро омили аслии фоҷеъаи ҳафтуми октябр донист.
Мушо Яълун дар изҳороти ошкор гуфт: Ин кабина бо вуҷуди заъфҳои амниятии ошкор , аз пазириши масъӯлият худдорӣ мекунад. Рӯзномаи саҳюнистии Гаарет низ гузориш дод, ки Натанёҳу пас аз оташбас дар Ғазза , қасд дорад аз ташкили кумитаи таҳқиқи мустақил дар бораи шикастҳои ҳамлаи ҳафтуми октябр дурӣ кунад . Далели ин амр нигаронии Натанёҳу аз масъӯл шинохта шудани вай дар қиболи ин воқеъаҳо унвон шудааст. Ин гузориш меафзояд, ки танҳо умеди хонваводаҳои кушташудагону асирон , иқдоми фаврии Девони олии режими Исроил барои водор кардани Натанёҳу ба мувофиқат бо ин таҳқиқот аст.