Ҳамалоти сангини паҳподӣ ва мушакии Русия ба пойтахти Украина
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i122920-Ҳамалоти_сангини_паҳподӣ_ва_мушакии_Русия_ба_пойтахти_Украина
Порс-Тудей. Мақомҳои украинӣ эълом карданд, ки тақрибан тамомии манотиқи пойтахти Украина ҳадафи ҳамалоти сангини паҳподӣ ва мушакии Русия қарор гирифтаанд.
(last modified 2025-11-14T08:48:02+00:00 )
Ноябр 14, 2025 13:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти сангини паҳподӣ ва мушакии Русия ба пойтахти Украина
    Ҳамалоти сангини паҳподӣ ва мушакии Русия ба пойтахти Украина

Порс-Тудей. Мақомҳои украинӣ эълом карданд, ки тақрибан тамомии манотиқи пойтахти Украина ҳадафи ҳамалоти сангини паҳподӣ ва мушакии Русия қарор гирифтаанд.

Виталий Кличко, шаҳрдори Киев ҳамалоти имрӯз- ҷумъа, Русия ба пойтахти Украинаро бисёр густарда тавсиф кард ва гуфт, ки ин ҳамалоти зерсохтҳои ҳаётӣ, аз ҷумла таъсисоти энержӣ, шабакаҳои рейлӣ ва манотиқи маскуниро ҳадаф қарор додаанд.

Шаҳрдори Киев ҳамчунин бо ишора ба инки дар ҳашт минтақа, аз маҷмӯи 10 минтақаи шаҳрии пойтахти Украина, оташсӯзӣ ё осеб ба сохтмонҳо гузориш шудааст, афзуд: Тимҳои имдоди пизишкӣ ба тамомии ин манотиқ эъзом шудаанд. Кличко аз осеб ба бахшҳое аз шабакаи гармоишии Киев хабар дод ва гуфт: Бархе сохтмонҳо дар минтақаи шимолишарқи Киев муваққатан бидуни гармо мондаанду эҳтимоли ихтилол дар таъмини барқу об низ вуҷуд хоҳад дошт.

Кличко ҳамчунин аз захмӣ шудани 11 нафар дар ҳамалоти бомдоди имрӯз- ҷумъа Русия ба пойтахти Украина хабар дод. Артиши Украина ҳам дар мавҷи ҷадиде аз ҳамалоти худ ба Русия, бомдоди имрӯз (ҷумъа) мушакҳои дурбурди Филомингуро ба самти таъсисоти нафтии Русия шиллик кардааст. /ИРНА