Эрон: Дарёи Хазар ниёзманди ҳамкории муштараки панҷ кишвари соҳилӣ аст
Ноябр 19, 2025 11:34 Asia/Dushanbe
Порс Тудей - Муовини ҳуқуқӣ ва байналмилалии вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Дарёи Хазар, ниёзманди ҳамкории муштараки панҷ кишвари соҳилӣ (Эрон, Русия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистону Туркманистон) аст.
Козими Ғарибободӣ, муовини ҳуқуқӣ ва байналмилалии вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар барномаи вижаи хабарӣ бо ишора ба баргузории нишасти устондорони кишварҳои соҳилии Дарёи Хазар дар Рашт воқеъ дар шимоли Эрон гуфт: Дарёи Хазар, як ҳавзаи тамаддунӣ, иқтисодӣ ва муҳити зистии воҳид аст ва ояндаи ин паҳнаи обӣ, танҳо бо ҳамкории муштараки устонҳои соҳилии панҷ кишвар тазмин мешавад. /Хабаргузории Садо ва симо