Март 24, 2023 16:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳузӯри сафири Арабистон дар маросими ҷашни Наврӯзии сафорати Эрон дар Тоҷикистон
    Ҳузӯри сафири Арабистон дар маросими ҷашни Наврӯзии сафорати Эрон дар Тоҷикистон

Сафири Арабистони саъудӣ дар Тоҷикистон дар ҷашни Наврӯзит сафорати Эрон дар Душанбе ҳузӯр ёфт.

Ба гузориши Садои Хуросон, Муҳаммадтақии Собирӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон дар саҳифаи  Твиттерии худ навишт, ки мизбонӣ Валид бин Абдураҳмон Ар-Рашид сафири Арабистонм Саъудӣ дар маросими ҷашни Наврӯзи 1402 дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон будааст.

Собирӣ афзӯд: Равобити Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ва Арабистони Саъудӣ ба унвони ду кишвари таъсиргузор ва муҳими ҷаҳони Ислом дар минтақаи Ғарби  Осиё метавонанд заминасози эҷоди раванди ҷадид ва нақши афзоянда дар хидмат ба манофеи  кишварҳо ва миллатҳои минтақа бошад.

Сафорати Арабистон дар Тоҷикистон пештар низ ҳамзамон бо фарорасидани иди Наврӯз, бо интишори паёме ин иди бостониро ба кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз табрик гуфт.

Дар ҷараёни музокироти Эрон ва Арабистон дар шаҳри Пекин, ду кишвар 10-уми  март тавофуқ кардан, ки пас аз 7 сол равобити дипламатикии худро аз сар бигиранд.

Барчасп