Декабр 19, 2016 12:34 Asia/Dushanbe
  • Чаҳоршанбе оғози сафари раисҷумҳури Эрон ба Қафқоз ва Осиёи Марказӣ

Раисҷумҳури исломии Эрон дар даври ҷадиди сафарҳои минтақаии худ ба кишварҳои Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон сафар мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Парвиз Исмоилӣ, муовини иртиботот ва иттилоърасонии дафтари раисҷумҳури Эрон гуфт: Ҳасани Рӯҳонӣ дар чорчуби сиёсати тақвияти муносибот ва ҳамкориҳо бо ҳамсоягон ва кишварҳои минтақа, ба даъвати расмии раисҷумҳури Арманистон чаҳоршанбе 21 декабр ба Ереван, пойтахти ин кишвар сафар мекунад .

Вай афзуд: Музокираи ҳайъатҳои олирутбаи ду кишвар, имзои чанд санади ҳамкорӣ миёни мақомоти Эрон ва Арманистон ва баргузории ҳамоиши бозаргонони ду кишвар аз ҷумлаи барномаҳои сафари раисҷумҳури Эрон ба Арманистон аст .

Исмоилӣ ҳамчунин гуфт: Рӯҳонӣ пас аз Арманистон ба Қазоқистон сафар мекунад ва дар шаҳри Остона илова бар музокираи раисони ҷумҳури ду кишвар, нишасти ҳайъатҳои олирутба, имзои асноди ҳамкории муштарак ва конфронси матбуотии раисҷумҳури Эрон баргузор мешавад .

Ба гуфтаи муовини иртиботот ва иттилоърасонии дафтари раисҷумҳури Эрон, Рӯҳонӣ дар охирин марҳала аз сафари минтақаии худ ба Қирғизистон хоҳад рафт ва бо ҳамтои қирғизи худ дидор хоҳад кард .

 

Барчасп