Бузургдошти Рӯзи Ҷумҳурии исломии Эрон дар Бишкеки Қирғизистон+акс
Маросими бузургдошти Рӯзи Ҷумҳурии исломӣ ва барафроштани парчами Эрон дар маҳали сафорат дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон бо ҳузури коркунони сафорат ва баъзе аз эрониёни муқим баргузор шуд.
Пас аз пирӯзии шукӯҳманди Инқилоби Исломӣ ба раҳбарии имом Хумайнӣ (раҳ.), дар фарвардини соли 1358 ҳиҷрии шамсӣ (1979) ҳамапурсии Ҷумҳурии исломӣ дар саросари Эрон баргузор шуд.
Бар асоси натоиҷи ин ҳамапурсӣ, ки дар 12-уми фарвардини 1358 ҳиҷрии шамсӣ (1 апрели 1979) эълом шуд, беш аз 98 дарсади воҷидини ширкат дар ҳамапурсӣ бо барқарории Ҷумҳурии исломӣ мувофиқат карданд.
Ба ҳамин муносибат, рӯзи давоздаҳуми фарвардин дар тақвими Эрон, Рӯзи Ҷумҳурии исломии Эрон номгузорӣ шудааст.
Ба муносибати Рӯзи Ҷумҳурии исломӣ маросими барафроштани парчами Ҷумҳурии исломии Эрон дар маҳали сафорати Эрон дар Бишкек баргузор шуд.
Дар ин маросим, Саиди Харрозӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Қирғизистон, Абӯзари Тавқонӣ, ройзани фарҳангӣ ва ҷамъе аз эрониёни муқими Қирғизистон ҳузур доштанд.
Бештар бихонед: