Март 31, 2023 20:24 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи Ҷумҳурии исломӣ
    Рӯзи Ҷумҳурии исломӣ

Шанбе - рӯзи «Ҷумҳурии исломӣ», таҷаллии воқеии хосту иродаи миллати бузурги Эрон дар таҳаққуқи иззати исломӣ ва таъйини сарнавишти кишвар ба дасти мардуми инқилобии Эрон аст.

Пас аз пирӯзии шукӯҳманди инқилоби исломӣ ба раҳбарии имом Хумайнӣ (раҳ), дар фарвардини соли 1358 ҳиҷрии шамсӣ (1979 мелодӣ) ҳамапурсии ҷумҳурии исломӣ дар саросари Эрон баргузор шуд.

Бар асоси натоиҷи ин ҳамапурсӣ, ки дар дувоздаҳуми фарвардини 1358 ҳиҷрии шамсӣ (аввали апрели 1979) эълом шуд, беш аз 98 дарсади воҷидини ширкат дар ҳамапурсӣ бо барқарории ҷумҳурии исломӣ дар Эрон мувофиқат карданд.

Ба ҳамин муносибат, давоздаҳуми фарвардин дар тақвими Эрон Рӯзи Ҷумҳурии исломии Эрон номгузорӣ шудааст.

Миллати Эрон бо ҳузури сарнавиштсози худ дар дувоздаҳуми фарвардини 1358 ҳиҷрии шамсӣ ба унвони нахустин интихобот дар таърихи низоми муқаддаси Ҷумҳурии исломии Эрон ба ҳамаи дунё нишон доданд, ки даврони мудохилаву тасмимгирии бегонагон барои миллати Эрон сипарӣ шудааст.

Ҳамчунин инқилоби исломии Эрон бо гуфтумони навин, навидбахши озодиву раҳоии миллатҳои ситамдида аз истеъмору истисмори низоми сармоядорӣ ва мояи умедбахшиву дилгармии маҳрумону мустазъафони ҷаҳон шуду муаллафаҳои истикборситезӣ, султагурезӣ, адолатхоҳӣ ва истиқлолталабиро дар ҳаёти ҷавомеи озодихоҳу ҳақталаб ҷорӣ ва ваъдаи илоҳии ғалабаву пирӯзии онон бар ҷабҳаи ботилро айният бахшид.

 

Барчасп