Апрел 02, 2023 18:11 Asia/Dushanbe
  • Кашф ва тавқифи асари бостонии ду ҳазорсолаи эронӣ дар фурудгоҳи пойтахти Британия

Як нашрияи британиёӣ аз кашфу тавқифи асари бостонии ду ҳазорсолаи эронӣ дар фурудгоҳи Лондон, пойтахти Британия хабар дод.

Нашрияи британиёии Observer имрӯз (якшанбе) дар гузорише навишт, сангнигораи ду ҳазорсолаи мутааллиқ ба даврони Сосонӣ дар масири қочоқ ба бозори сиёҳ дар Британия буд, ки дар фурудгоҳи Станстеди Лондон кашфу тавқиф шудааст.

Ин нашрия дар идома гузориш дод, ин асари бостонӣ пас аз намоиш дар мӯзейи Британия ба Эрон ирсол мешавад.

Нашрияи Observer дар ин гузориш навишт, мӯзейи Британия аз давлати Эрон иҷозаи намоиши онро ба муддати се моҳ дарёфт кард ва сипас онро ба мӯзейи миллии Теҳрон ирсол хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, Саидмаҳдӣ Ҳусайнии Матин, кордори сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Лондон дар баёнияе эълом кард, Теҳрон умедвор аст, ки густариши бештари ҳамкорӣ байни мӯзейи Британия ва сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Лондон ҳамчунон дар мубориза бо қочоқи ғайриқонӯнии амволи фарҳангӣ ва ҳифозат аз мироси фарҳангии башар муассир бошад.

 

Барчасп