Суъуди намояндагони Эрон ба нимаи ниҳоии рақобатҳои теквандои "Гранд Слами" Чин
Намояндаи Эрон дар вазни минҳои 80 килаграм, ба нимаи ниҳоии рақобатҳои теквандои Чин суъуд кард.
Рақобатҳои теквандои Гранд Слами Чин, аз мароҳили касби саҳмияи олимпики 2024 Париж маҳсуб мешавад.
Рӯзи дуввуми рақобатҳои теквандои ҷоизаи бузурги Чин, бо пирӯзии намояндагони Эрон оғоз шуд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, дар ин пайкорҳое, ки дорои имтиёзи олимпик аст, дар вазни 80 килаграм "Меҳрони Бархурдорӣ" намоянади Эрон бо пирӯзи муқобили теквандокори Тунис ба нимаи ниҳоӣ суъуд кард.
Дар бонувон дар вазни 57 килаграм, низ Тино Мудонлу бо бартари баробари ҳарифи лаҳистонӣ роҳии нимаи ниҳоӣ шуд.
Дар вазни ба изофаи 80 килаграм, рӯзи якшанбе дуввуми апрел, Орини Салимӣ ба медали талло расид, дар 68 килаграм, Дониёл Бузургӣ нуқра гирифт ва Ризо Калҳур соҳиби медали биринҷи шуд.